Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

дам ба дарун гирад, яъне нафас накашад, мӯрча ба он ҷо намеравад. Агар дасти каси дигар ба он чиз бирасад, баъд аз он рафтани мӯрча бар он мумкин аст.
Мӯрчагон аз дуди гӯгирд, заҳраи гови нар, қатрон ва ҳилтит мегурезанд.

  1. Эчкиэмар

Ин ҷонварест монанди калпеса (калтакалос), вале назар ба ҷуссаи он хеле калон аст. Инро дар баъзе маҳалҳои тоҷикон бузмак меноманд. Маънои калимаи «эчкиэмар» ҳамон «бузмаки» тоҷикист, ки аз забони ӯзбекӣ ба тоҷикӣ дохил шудааст. Ба форсӣ бузмача, ба арабӣ варал ва ба русӣ варан мегӯянд. Ин ҷонвари саҳрозамин ва даштӣ мебошад, ки маълум аст.
Мизоҷи гӯшташ дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст, вале баъзеҳо дар дараҷаи дуввум гуфтаанд. Мизоҷи саргинаш бисёр гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: гӯшти онро бихӯранд, фолиҷ, каҷ шудани рӯй, ларзак, карахтӣ, кузоз (столбняк), никрис (подагра), дарди буғумҳо ва бемориҳои сардмизоҷи асабҳоро шифо мебахшад; баданро гарм мекунад; боҳро қувват медиҳад, олати мардиро ба ҳаракат меоварад. Хусусан инро бо асал, бо обе, ки наск дар он пухта бошанд, бо шароби хурмо ва бо шароби мавизи ангур, бо зардаи тухми мурғи нимпухта тановул намоянд, маниро ба он дараҷа ба ҳаракат меоварад, ки ҳатто ба ҳалокат мерасонад (шояд ин муболаға ҳам бошад ва шояд дар баъзе мизоҷҳо ва минтақаҳои гарм чунин бошад.) Чунин гӯшти намакини онро кӯфта, бо зардаи тухми мурғи нимпухта ё тухми индовро соида, бар он пошида бихӯранд, ҳамчунин намакини онро хусусан намакҷарби ва сараи онро бо дорчинӣ суда, ба зардаи тухми мурғ пошида бихӯранд, барои қуввати боҳ кори калон аст ва дар ин бобат зиёда аз гӯшт ва равғани он мебошад.
Ҳамон Маҳръёрис гуфтааст: «Хуни онро бо ҳалила даромехта бимоланд, ранги доғи сафеди пӯст ва песро тағйир медиҳад».
Гӯшти эчкиэмарро гузошта банданд, тир ва хорро, инчунин заҳрҳои ҷонваронро аз бадан ба худ мекашад.
Чунин онро чок карда, ба беруни пӯст банданд, бонси фарбехии он узв мегардад.

пешина
аз 702
навбатӣ