Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Сӯхтаи онро бо зифт даромехта, гузошта банданд, ба чоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад.
Гӯшти қурбоқаро ба дандон бимоланд, дандонро бе ҳеҷ гуна дард аз милкаш берун меоварад; ба чоҳои дигари бадан бимоланд, аз сӯхтани оташ нигоҳ медорад.
Мағзи сарашро сӯхта бимоланд ё бипошанд, хуни равонро мебандад. Агар инро бо воситаи найча дар бинӣ пуф кунанд, хуни биниро манъ мекунад, инчунин мағзи сари онро ба пешонӣ бимоланд, хуни биниро қатъ мегардонад.
Мегӯянд, ки чун рони онро бо ресмон баста, касе, ки алмос хӯрда бошад, фурӯ барад, пораҳои алмос ба он мечаспанд ва ҳамин тавр берун кашида мешаванд.
Чун дасту по ва даруни шиками онро дур карда, бо чарбии гурдаи буз муҳарро пухта, равғани онро ҷамъ кунанду бимоланд, бавосири хуниро дафъ мекунад.
Қисме, аз қурбоққа, ки дар пои дарахтон зиндагӣ ба сар мебарад, сабзи бисёр майда мебошад. Чун онро бо ҳамвазнаш чигити пахта бисӯзонандду маҳин ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, обӣ дар гавҳараки чашм фуромадаро дафъ мекунад.
Агар ҳамон қурбоққаи майдаи сабзро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад.
Қурбоққаи сабзи обиро, ки қурбоққаи қашқа меноманд, сарашро бурида дур намуда, шикамашро низ ҷок карда, он чӣ дар он ҳаст, гирифта партофта, пӯсташро канда, баъд як миқдори кам гӯшт бо устухонаш, ки монда бошад, дар як ошомидани об то муҳарро шудани он ҷӯшонида, он обро хоҳ нон тар карда, хоҳ бе нон биёшоманд, ҳафтаи дуввум ва ҳафтаи саввум низ ҳамин амалро такрор намоянд, гӯё дар се ҳафта се қурбоққаи қашқаро муҳарро пухта бихӯранд, аз иллати сил, ки захми шуш аст, наҷот меёбанд.
- Товус
Ин парандаест машҳур ба зебоӣ ва хушранг бо рангҳои гуногун, думаш бисёр дароз ва чун бардорад, чатрӣ мегардад, хусусан думи нари он бисёр дароз ва парҳои зебо дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё