Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

дафъ кардани чингахшавии узвҳо, саръ (припадка), кузоз (столбняк), кашида шудани асаб, хусусан, ки аз сардӣ бошад, давои аҷибест. Агар инро ос карда, дар бинӣ бирезанд, назлаҳои шадидро дафъ мекунад; бо оби лаблабу даромехта дар бинӣ бирезанд, сурхии чашмро ҳамон дам ба ислоҳ меоварад; бо сиканҷабин даромехта, дар бинӣ андозанд, саръро ба ибро меова- рад.

Заҳраи хушкашро ос карда, чун сурма ба чашм ка- шанд, торикии чашм, фуромадани об дар гавҳарак ва пардаи ба чашм афтодаро, ки онро торик мегардонад, дар як рӯз шифо мебахшад. Инро бо гиёҳи испарак якҷо куфта, гузошта банданд, доғи сафеди пӯст ва пе- ро дафъ мекунад; бо оби пиёз ё оби барги лаблабу даромехта банданд, иллати пӯстпартоиро ба ибро месо- варад, гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва ришро мерӯё- над; барои дарди буғумҳо дору мешавад.

Мегӯянд, ки чун заҳраи онро ба закар молида, бо зан муҷомаат кунанд, марди дигар ба он зан қодир намегардад.

Агар ин заҳраро занҳо аз таг бардоранд, ҳомила шуданро манъ мекунад.

Дандони озахи онро хушк карда, кӯфта, ним грамм- ми онро бо шири навдӯшида бихӯранд, барои таби ду- рӯздармиён ва бемориҳои шуш бағоят доруи хуб мебо- шад.

Чарбиашро бимоланд ё гузошта банданд, мӯи гир- дак-гирдак рехтаи сар ва ришро мерӯёнад; варамҳои кӯҳнаро мегардонад.

Мағзи сарашро ба миқдори 0,19 грамм бо шири навдӯшида бихӯранд, саръро манъ месозад. Инро дар оби судоб ва равғани зайтун гудохта, бар бадан би- моланд, ҳамаи бемориҳои аз хунукӣ баамаломадаи бе- руни бадан ва дохили онро шифо мебахшад.

Мӯйашро сӯхта дуд кунанд, ҷонварони зиёнкор аз он ҷо мегурезанд. Агар инро дар навшодир маҳлул карда бимоланд, варами ҷигарро таҳлил медиҳад ва дигар ранҷҳои ҷигарро дафъ мекунад.

Устухони соқи пояшро бо закари он якҷо сӯхта, кӯфта, гузошта банданд, барои бавосир дору мебошад.

Чун думи онро дар зироат, алафзор ва чарогоҳи гов биҳвезанд, ҳарчанд, ки гов гурусна бошад, аз он ҷо алаф намехӯрад, ҳатто ба он майдон дохил намегардад.

пешина
аз 702
навбатӣ