Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Абдулҳамид рӯи ҳавлӣ ба танаи чормағзи пир такя дода, ин ҳодисаи қариб сӣ соли пеш рухдодаро ба хотир оварду зери лаб бори дигар ба ин дунёи бевафо лаънат хонд. Баъд қоматашро рост карду ашки чашмонашро пок намуда, бари ҷомаашро афшонд ва бочуръатона қадам бардошт, то рафта дили кампирашро бардорад. Бори дигар ба ҳамсараш фаҳмонад, ки ин дунё кирои ғам хӯрдан намекунад. Ҳама сарнавишт дораду хати тақдир. Инсон чӣ махлуқи бечораест. Балки луъбатак. “Кампирро ҳам фаҳмидан даркор. Бача дар сафар бошад, дили модарро гургон тала мекунанд”.

СЕ ДУЗДИИ ЯК ИШҚ
– 1 –

Ҳатман ин ҷоро аз худ карда, кӯшки зебое месозам, – аз қафо қариб бе садо омадани маро пайхас накарда, дар лаби кӯл худ ба худ орзу мекард падари аз шароб сархушам.

— Ҳоли пиру кампир чӣ мешавад? – ногаҳон ва беихтиёр суол додани ман ӯро як қад паронд.

Падарам зуд ба худ омада, гардан тофт ва чашмонашро аз косахонаи сар бароварда дод зад:
— Гум шав!

Ба сӯйи хона гурехтам. Бо ранги парида худро ба оғӯши модар ҳаво дода, аз асли воқеа огоҳаш кардам.

— Дод аз дасти ваю дод аз дасти май! – Чеҳраи модарам гирифт. – Аз ин рафтори бадаш як бор ҷазо гирифт, аз вазифаи равғанин ҳамин хел парид, ки ҷанғаш ба ҳаво хест. Пас аз ин ӯро бо ошнобозӣ дар ин хоҷагӣ сардор монданд. Аз рӯзи аввали ба ин ҷо кӯчидан ба замини ҳамсоя бо

пешина
аз 164
навбатӣ