Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
чашми тамаъ менигарад. Мехоҳад ба воситае онро аз худ кунад...
Ҳамсояи дасти ростамон, марди резапайкари шофбурут (мардум мегуфт, ки ба маршал Будёний тақлид кардааст), иштирокчии Ҷанғи Бузурги Ватанӣ – Шамсулло ба пурсиши таънаомези падарам, ки ба сӯйи кулбаи кӯҳнаю фарсудаи лаби кӯл бо нафрат менигарист, бо ифтихор ҷавоб гардонд.
— Ин чолу кампири бойсунӣ, ки мо онҳоро Тоҳиру Зӯҳро мегӯем, солҳои бист аз тарафи Бойсун омада, дар ин найзор кулба сохта, то ҳол ҳамин ҷо зиндагӣ доранд. Мардро Довуд мегӯянд ва ҳамсараш Офтоб ном дорад. Дар ҷавониш офтоби ростин буд. Қиссаи ишқу муҳаббаташон аҷоиб аст.
Душманонаш се бор занашро дуздиданд. Довуд се маротиба маҳбубаашро аз чанги онҳо раҳо кард. Инсонҳои хуб ва беозоранд.
Ситоиши қаҳрамони ҷанг ба иззати нафси раиси хоҷагӣ сахт расид. Ӯ рӯй турш карда, ба замин туф андохт. Вай ҳамеша дар ҳолати хашму ғазаб чунин мекард. Баръакс, қиссаи ҷанговари маъюб мани писарбачаи наврасро ба ҳайрат овард. Ба худ гуфтам, ки бо ҳар восита аз таърихи муҳаббати онҳо огоҳ мешавам.
Аз миён ҳафтае нагузашта, мӯйсафеди ҳамсояро ба идораи деҳшӯро даъват карданд.
— Дар вақташ қитъаи заминро ба номатон нагузарондед? – чашмони хумору варамидаашро аз нигоҳи софи бобои Довуд гурезонда, Ойматов ба суҳбаташ оғоз намуд.
— Ҳангоми ин маконро обод кардан на ҷамоат буду на
Ойматов! – бо тамкин ҷавоб гардонд пирамард. – Барои чӣ ин
хел савол медиҳед? Гап дар сари номнавис кардани қитъаи
замин бошад, онро ба номам гузаронед. Агар ҳавлиям ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё