Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Падар, ман ба сари шумо мусибате наовардам?
— Не, писарам, — оҳи вазнин кашид мӯйсафед. — Пойи ман кайҳо ба лаби гӯр расидааст. Офтоби сари кӯҳам. Дигар аз ман чӣ пурсиш? Ман аз дигар чиз метарсам. Бо расидани пойи шумо наҳси болшевиқҳо ба сарзамини ман халқам парешон шуд, ки маззаи онро ту низ чашида истодай. Намехоҳам, ки ин бадбахтӣ насиби наберагону аберагонам гардад. Бирав, Фозилҷон, ба назди зану фарзандонат ва ба ту насиҳатам ҳамин ки ҳеҷ гоҳ забони модариатро фаромӯш накун. Шоири шаҳирамон Лоиқ гуфтааст:
Заҳр бодо шири модар бар касе,
К - ӯ забони модарӣ гум кардааст.
Ба фарзандонат забони тоҷикиро биомӯз. Ба онҳо фаҳмон, ки миллати тоҷик таърихи чандинҳазорсола дошта, офарандаи тамаддуни башарист...

Фозил охирин бор ба рӯи ҳамдеҳагонаш нигариста ҷумлаи вопасинашро дардовар ба забон овард:
— Мехоҳам, ба тамоми мардуми олам дод занам, ба ҳама фаҳмонам, ки ман ба хоки сарзаминам ҳеҷ гоҳ хиёнат накардаам ва нахоҳам кард. Ман сарзаминам, кӯҳсоронам, чашмасоронам, рӯдҳои шӯҳу пурталотумам, теппаҳои сабзпӯш ва мардуми тоҷикамро дӯст медорам ва дил канда наметавонам. Ман халқи худро мепарастам ва дар назди ӯ гуноҳе надорам...

Қисса хотима ёфт. Субҳ дамида бошад ҳам Фозил ҳанӯз сархам менишаст ва ашк мерехт. Абдулҳамид ва Сафар ҳам хомӯш ба ин ғариби бечора менигаристанд, намедонистанд чӣ гӯянду чӣ гуна тассаллиаш диҳанд.

пешина
аз 164
навбатӣ