Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
— Чигарсӯхтаи Марворид хабари шумро шунида, ба шавҳар баромад. Ҳангоми гунучини пахта ба гармии тоқатфарсо ва захру зукуми доруҳои аз тайёра пошида тоб наоварда, дар қитъаи замини сегектара сари фарзанд рафт. — Бечора! — нолид Фозил ва тамоми пайкараш ба ларзиш даромад.
Шаб Фозилро хоб набурд. Аз паҳлу ба паҳлу мегашт. Дар тааҷҷуб буд, ки дар он лаҳзаи мудҳишу тақдирсоз чӣ касе пайдо шуда ба мақомот маълумот дода бошад? Ӯ аз куҷо медонист, ки сиёсатмадорони вақт ба тамоми ҳайати дивизияи Власов тамғаи «хоини Ватан» — ро часпонида буданд.
Фозил як ҳафта дар хонаи мӯйсафеди Зайниддин монд ва ҳар субҳ ба сари гӯри падар омада, соатҳо менишаст. Ҳини ҷониби қабристон рафтан ва аз гӯристон баргаштан сокинони деҳа аз ӯ бо ҳарос худро канор мегирифтанд.
Рӯзи охир аз қабристон дер баргашт. Сари гӯр бо падар хеле суҳбат карда, дилашро холӣ намуд. Ба дастрӯймолаш як каф хоки гӯри падарро ҳамроҳ сохт.
Ба хона омада, пирамардро ғарқи андеша дарёфт. Бе овоз ба бағараш нишаст. Махсум рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» — ро, ки дар он гузориши «Правда» — ро тарҷума карда буданд, пеши пояш партофт. Рӯзномаро варақ зада, дар он расми худро дид. Мақола «Подоши хоин» унвон дошт ва дар он сухан дар бораи хиёнати Фозил ва муносибати сарду нафратангези мардум ба вай мерафт.
Хонаро як муддат сукути вазнину доманадор паҳш кард. Фозил бо тамоми вуҷуд дарк намуд, ки дар ин диёр, дар ватани аҷдодияш каси бегона асту дасту пояш аз замину замон канда шуда, бе пушту паноҳ, яккаву танҳо мондааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё