Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

кадай. Намедонӣ барои чӣ намегиранта? Барои даҳани безебта. Барои феъли бадут. Барои забони хунукта. Ай ту мардак усу беста, занак мегуреза.

Бибӣ худро бой дод. Аниқтараш сухане наёфт, ки муқобил гузорад. Ӯ чанг зада аз мӯйи сари Ҳавасмоҳ гирифта кашид. Ҳавасмоҳ низ ба Бибӣ часпид. Доду фарёд, нолаю навҳа, хандаю гиря, қиву чуви занону духтарон ба осмон печид...


Моҳи май даромад. Талаби ман қатъӣ ва боисрор мешуд. Ман дигар намехостам, ки вохӯриҳои мо шабонаю пинҳонӣ гузарад. Ҳар дафъа Гулҳарам баҳонае меҷуст. Ин шаб ҳам ман дар хоҳиши худ истодагарӣ кардам.

— Чаро ин қадар шитоб дорӣ? Ё меҳрубониҳои ман ба ту кифоя нест?

— Дар ин хусус шикояте надорам, — духтарро бо меҳр ба оғӯш гирифтам. — Вале ман мехоҳам, ки ту доим дар паҳлӯям бошӣ. Аз кор омада аз дасти ту хӯрок хӯрам. Сару либосам шустагӣ бошад. Хулоса... хулоса шамъи хонадонам бошӣ.

Гулҳарам ба қуллаи баландтарини теппа дида дӯхта, бо ангуштони мӯъҷизакораш мӯи сари маро сила мекард. Ҳангоми расиши дасташ ба тамоми баданам ҳарорати гарми ҳаловатбахше паҳн мегардид.

— Аққалан модарам яктараф мешуд.

— Модаратро ҳамроҳ мегирем, — бо ҷиддият гуфтам. — Чӣ магар як кампирро нигоҳубин карда наметавонам.

— Не, Мардонҷон, не! Намешавад! Вай аз хонаи худ ба ҳеҷ куҷо намеравад. Мегӯяд, ки ҷасади маро аз ҳамин хона бароред.

пешина
аз 164
навбатӣ