Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Пас, ту тамоман дар бораи ман фикр намекардай? — бо алам гуфтам.

— Чӣ хел фикр намекунам, чӣ хел фикр намекунам, — гӯён Гулҳарам бабрмонанд ба ман ҳуҷум карда, маро болои замин хобонд ва мо бо ҳам часпидем ва хеле талошу кашмакаш намуда, баъд рӯ ба осмони нилгун оварда дароз кашидем.

— Хабари хуш дорам, — Гулҳарам ноаён як пояи алафи хушкро ба биниам тиққонд.

— Чӣ хел хабари хуш? — гуфта ҳамон замон атса задам.

— Аввал ҳадяашро бидеҳ, — шӯхияшро давом дод чӯгидухтар.

Ман боз атса задам. Сарамро бардошта ба Гулҳарам нигоҳ кардам. Аз қиёфааш донистан хостам, ки он чӣ хабари хуше бошад.

— Худамро мебахшам.

— Уҳ, ҳилагаре, — калла ҷунбод духтар. — Ту аз рӯзи аввал аз манӣ. Ман ба ин розӣ нестам. Ягон чизи дигар бахшиш бикун.

— Тамоми зиндагиам аз ту.

— Ана, ин гапи дигар. Қабул мекунам. Гӯш бикун ва илтимос ба ман нигоҳ накун.

Ман рӯй тофтам. Мунтазири хабари хуш шуда, ба атроф чашм давондам. Дақиқаҳо бо азоб мегузаштанд. Дар бари теппаи сиёҳие ба назарам намуд. Онро буттаи кадом гиёҳ пиндошта, аҳамият надодам.

— Ман... ман дуҷон шудаам, — овози духтар аз дур ба гӯшам расид.

Ман оҳиста тоб хӯрдам. Дилам саршори шодии бузург гашта бошад ҳам, аз Гулҳарам хоҳиш кардам, ки

пешина
аз 164
навбатӣ