Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
суханашро такрор намояд. Пас аз пурра боварӣ ҳосил кардан аз хурсанӣ Гулҳарамро рӯи даст бардошта, ба сӯи қуллаҳо давидам.
— Девонагӣ накун, — илтиҷо кард духтар. — Ҳоло ҳар дуямон меафтем.
Ва дар ҳақиқат, ба ними теппа нарасида, пешпо хӯрдам ва ҳар ду ғелзанон ба охири теппа расидем. Мо гап мезадему ҳамдигарро мебӯсидем, гап мезадему ҳамдигарро сахттар ба оғӯш мегирифтем.
— Ман ба ту бача таваллуд мекунам, бача, мефаҳмӣ, — дод мезад Гулҳарам.
— Мефаҳмам, ҷонакам, мефаҳмам, — шодона ҷавоб мегардондам.
Аз бари ҷӯяки пахта қадам зада, нақшаи ояндаи ҳаёти оилавиамро андеша мекардам. Дар шӯъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ никоҳро ба расмият дароварда, ба як ноҳияи дурдаст ба кор рафта, агроном мешавам. Хонаю дар ва молу гов карда, осудаҳолона зиндагӣ мекунам...
Шарфаи пойро шунида имконияти тоб хӯрдан наёфтам. Расиши зарбаи сахту ҷонкоҳро ба фарқи сар медонаму халос...
Сараввал ҳама чиз шакли суробро дошт. Одамон, чорчӯба, мизу курсӣ, сақфи хона. Ман намедонистам дар куҷояму ба ман чӣ ҳодиса рӯӣ додааст. Ва ин ҳолат хеле давом кард. Эҳтимол рӯзҳо ва моҳҳо. Оҳиста — оҳиста ҳама чиз шакли худро гирифт. Одамон — табиби болои сарам ҳам

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё