Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Шума ба худма гармӣ мекадуму дилша ай ӯ занаки ҷалаба хунук.

— Раҳима, ба тура на гармӣ даркорай на хунукӣ, — ба суҳбат ҳамроҳ шуд зане, ки аз ҳама дур танҳо менишаст. — Шав куҷоқи гармуш бите, агар ягон сӯ рава, биё рӯи мада туф бикун.

— Апаи Меҳрубон рост мегӯйи, — ба ҳасрат даромад зан. — Ай кор монда шида мерам. Бо кори хонаву дар. Чор гова мечушӯм, алаф метум. Авқот тайёр мекунум. Кӯдакора ҷо ба ҷо када, ай пою даст мемонум. Дига на шу мефоратаю на чизи дига...

— Ҳами сиёҳпичамарги Бибӣ рост мега, — давоми сухани Раҳимаро кайчӣ зад духтаре, ки ба абрӯвонаш ӯсма мекашид. — Мардак ай пеши мо гузашту ҳатто ба рӯмон нигоҳ накад.

— Зоруш нестум, — Бибӣ аз қафоям туф кард. — Ҳавасмоҳай дар ғами нигоҳуш. Ҳар рӯз хатуш менависа.

Ҳавасмоҳ тоқат накард. Озори пештараашро ба хотир оварда, давида дар рӯ ба рӯи духтар рост шуд.

— Тура қорат чӣ? Ба касе хоҳум нома навиштан мегирум. Ту мада кӣ мешай? Хушдоман? Ай рӯи туворе хушдоман безорум. Ту чӣ кор дорӣ ба мара? Худат, ки бе шӯ мондай, сӯхтат гирифтай. Бумуре! Бумур! Ҳеҷ кас намегирата бумур!

Бибӣ паст наомад. Аз аввала ҳам баландтар овозашро сар дод.

— Ма туворе худма дар гардани ҳар каса кашол намекунум. Шави дароз дар ғами касе намесузум.

— И кори маҳай. Ту ғами худта бихӯр. Ҳамсолот чортайи бача зойидану тура ҳолиям касе намегира. Аламут

пешина
аз 164
навбатӣ