Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
— Чӣ — й, дар гӯши фил ховен, — бо шаст ҷавоб гардонд духтари зардинамӯй. — Мардуми деҳа медаонаю ту апаи Рисолат не...
Таънаи духтар маро ба худ овард. Тоб хӯрда ба сӯи хона шитобидам. Вале суханони духтарро, ки қасдан баланд мегуфт, мешунидам.
— И эшон ошиқи шайдои ҷӯгидухтари ҷодугарай.
Садои хандаи такрорӣ чун тир аз пушт расид. Қадаммониамро суст карда ба суханони онҳо гӯш додам.
— Куҷои ҳаму сиёҳи мазанг ба ира маъқулай? — шунидам саволи занеро.
— Чӣ намедонӣ? — дастак мезад духтари зардинамӯй.
— Мавизи сиёҳ ширинай. Ӯ куҷою Ҳавасмоҳи мо куҷо. Қисме аз духтарон изҳори таассуф мекарданду қисми дигараш тааҷҷубу ҳайрат. Гурӯҳе духтари зардинамӯйро алов монда, гурӯҳи дигар кушоду равшан Ҳавасмоҳро масхара мекард.
— Шумо намедоне, ки фолбин и мардака чӣ хел ба худша ҷоду кадаӣ. Ина ҳамичада, ку буген, чанд духтар шиштем?
Духтаре аз ҷой парида, бо ангушт ба шумурдан даромад.
— Биста!
— Ана, диден. Ба биста духтар ҳатто нигоҳ накад. Ҷӯгӣ чишмоша кӯр када, зувонша бастай. Меган, ки шаво харуш када, зин зада, саворуш мешава. Гармохунукиш кадаӣ...
— Эҳ, кошкӣ ма ҳам гармохунукира медонистум, — бо алам пеши сухани духтарро бурид зане.
— Баъд чӣ кор мекардӣ? — пурсид духтари зардинамӯй.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё