Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
Рӯймолашро ба як тараф ҳаво дода, мӯйҳояшро парешон кард.
— Дар ин хона тилисм гашта истодааст, тилисм. Зуд ду кило орду як коса биринҷ биёр. Панҷ метр сони сафеди обнарасида ҳам тайёр кун.
Модарам, ки тамоман карахт шуда буд, базӯр овоз баровард.
— Ҳа — ҳа. Ҳамааш дуруст.
Ҷӯгизан парида аз ҷой хест. Ба ду тарафи ҳавлӣ давид. Як каф биринҷро ба даҳон андохта, ким — чизе пичир — пичир карда, ба сӯи шиғ ҳаво дод. Мурғҳо аз ба сарашон пошидани биринҷ тарсида қиғқозанон парешон шуданд, вале як дам пас баргашта ба нӯлзанӣ даромаданд.
— Паҳ — паҳ. Бӯи ҷоду омада истодааст. Пиёла биёр! Тез! Пахта барор, пахта! Ҷодуро нест мекунам. Як коса равған ҳозир кун! Тилисм дар ҳаво парвоз дорад. Тилисма шикастанам лозим. Намак ҳам барор!
Давутози модарам сар шуд. Ба ман фармуд, ки хурӯси сурҳамонро дошта гирам. Садои қиғу пиғи хурӯс ва доду фарёди бачаҳо ҳавлиро ба сар бардошт. Ману ҷӯраҳоям хурӯсро думболагир карда, як дам пас кишти сабзавотро поймол намуда, бо сад азоб хӯҷайини мурғҳоро дошта, ба дасти ӯгизан бо тарсу ҳарос супурдем. Чаман сари хурӯсро ба тарафи қибла гардонд.
— Бисмиллоҳир — раҳмонир — раҳим, ба нияти дафъи кулли бало, — гӯён сари хурӯсро бурида, ба ман фармуд, ки дар ҷои тоза гӯронам.
Ҳайрон ба тарафи модари гичу гарангам давидам.
— Дар таги дарахти тут гӯрон, — гуфт модарам ва барои ким — чизи фармудаи фолбин ба даруни хона давид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё