Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ман, хатмкунандаи факултети агрономии Донишгоҳи кишоварзӣ, ҷавони биступанҷсолаи навҷавони хушандомро бо роҳхати Комиссияи давлатӣ соли 1979 ба Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии зироатпарварӣ ба кор фиристоданд. Аз чунин пешбарӣ худам ҳам ҳайрон будам. Зеро дар тамоми муддати таҳсил фақат боре дар мавзӯи «Ҳашароти зараррасон ва роҳҳои мубориза бо он» баромад карда будам.

Роҳбари Пажӯҳишгоҳ марди кали айнакдор, ки чашмонаш дар пушти шишаҳои айнак бениҳоят калон метофтанд, роҳхатро чапаю роста кард.

— Ба мо чунин ҷавонони болаёқати ба илм фидоӣ заруранд. Мо, додар, пир шуда истодаем. Моро кӣ иваз мекунад? Шумоҳо – ҳа!

Бо аломати шарми сохта сарамро поин кардам.

— Мо шуморо ба қитъаи таҷрибавии ноҳияи Ёвон мефиристем. Ҳамчун ходими хурди илмӣ. Дар пеш шуморо ояндаи дурахшон интизор аст. Дари илм ба рӯятон кушода. Панҷ сол пас номзади илм ва баъд аз каме ҳимояи рисолаи докторӣ...

Баъди чунин тасвири рӯҳбахш ман тасаввур мекардам: «дар кӯчаи илм бовикорона қадам зада, ҳама ёрӯ дӯстонамро дар ҳайрат мегузорам».

— Ба шумо чӣ намерасад? – хаёлоти ширини маро бурид роҳбари Пажӯҳишгоҳ.

Ҳайрон сар бардошта, саволомез ба роҳбар нигаристам.

— Ҷуръат ва суботкорӣ, – роҳбар нигоҳашро аз чашми ман намеканд. – Ҳа! Мутаассифона, ҳоло ҷавонони мо аз ҳамин ду хислати бузурги инсонӣ маҳруманд. Ҷуръат надоранд. Ва басе шитобкоранд. Мехоҳанд, ки зуд, тез ва

пешина
аз 164
навбатӣ