Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа
Хосияти давогии рӯди аз ғор берун бароянда ва ҷараёни қатънашавандаи он дар тамоми фаслҳои сол шӯҳрату нуфузи ин ғорро боз ҳам баланд бардоштааст, ин аломат яке аз «мӯъҷизаҳо»-и ин ғор дониста мешавад. Чуноне ки маълум аст, дар ин маҳалҳо зимистону баҳорон бориш дар шакли барфу борон меборад ва ин бориш манбаи ғизогирии зимистону баҳоронаи рӯди дохили ғор мегардад. Пас, саволе пеш меояд, ки ҷараёни тобистона ва тирамоҳии рӯди дохили горҳо аз ҳисоби кадом обҳо ба амал меояд? Зимнан, бояд қайд намуд, ки дар мавзеи ғорҳои гумбази Хоҷамӯъмин ва умуман дар Ҷанубу Ғарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаслҳои тобистону тирамоҳ қариб бориш намешавад. Мутаассифона, ҷараёни оби дохили ғор дар фаслҳои бебориш низ хотима намеёбад. Пас, сабаби ин ҳодиса дар чист? Тадқиқоти мутахассисон нишон дод, ки сатҳи болоии гумбази намаккӯҳи Хоҷамӯъмин бо гипс, гаҷ ва лёсс пӯшида шудааст. Чунин ҷинсҳо ба обу борон тобовар нестанд, бинобарон дар зери таъсири обҳои фаслӣ бурида шуда, ҷариҳо, фурӯрафтаҳо, чоҳҳо ва қифҳои сершумор пайдо шудаанд. Кутри ин қифҳо аз 20-30 см то ба 200 м ва умқашон то ба 150 м мерасанд. Чоҳҳои сатҳи гумбаз аз 5-10 м то ба 40-50 м чуқурӣ доранд. Инчунин, дар сатҳи гумбази Хоҷамӯъмин аҳрому найзаҳои гипсию намакиро дидан мумкин аст, ки хеле ҳаяҷоновару диққатҷалбкунанда мебошанд. Баъзе аз онҳо шаклан занбӯруғи азимро ба хотир меоваранд (нигаред ба расми 2). Обҳои барфу борон тавассути қифҳо, чоҳҳо ва фурӯрафтаҳо ба қисмҳои дохилии гумбази намаккӯҳ фурӯ бурда мешаванд. Ин обҳо дар умқи қифу чоҳҳо ва холигиҳои байни қабатҳо захира мешаванд ва ҳатто кӯлҳои хурди

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё