Зеҳн
Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа

ИлмСаломатӣЭкология
Аз аввал хондан

дохилиро ташкил медиҳанд. Оби захирашуда, оҳиста-оҳиста ба қабатҳои поёнтар фурӯ кашида мешаванд ва ё аз таркишу сӯрохиҳои хурд гузашта, то ба ғор омада мечаканд, қисми дигарашон ба воситаи деворҳои ғор ҷорӣ гашта, ба рӯди дохили ғор ҳамроҳ мешаванд. Маҳз ҳамин обҳо манбаи ҷараёни фаслҳои бебориши тобистону тирамоҳии рӯдҳои дохили ғорҳои Хоҷамӯъмин мегардад. (Р.И. Селиванов. Д. 1962, с. 68-69).

Умуман дар атрофии гумбази Хоҷамӯъмин 163 чашма ошкор карда шудааст, нисфи онҳо дар тобистон мехушканд. Агар қисми зиёди ин чашмаҳо шӯроб бошанд, қисми камашон ширинобанд. Чашмаҳои шириноб гоҳ-гоҳ пайдо мешаванд ва барҳам мехӯранд. Дар оби баъзе аз ин рӯду чашмаҳо моҳиҳо дучор мешаванд.

Оби рӯдҳои аз ғор бароянда хосияти табобатӣ доранд, вале тавассути ин об на ҳама гуна касалиҳоро табобат кардан мумкин аст. Таҳқиқу мушоҳидаҳои мутахассисони соҳаи илми тиб нишон додааст, ки ба воситаи ин об касалиҳои аъзоҳои такягоҳу ҳаракат, асабҳои канорӣ, яъне торҳои асаби аз ҳароммағз бароянда, тарбод, диққи нафас, инчунин баъзе касалиҳои пӯстро табобат кардан мумкин мебошад. Хосияти табобатии обу лойқаи ин ғор асоси табиию тиббӣ дорад, зеро ҳангоми аз байни қабатҳои намаккӯҳ гузаштан бо миқдори зиёд намаки оширо шӯста дар таркибаш маҳлул мекунад, ҳамзамон дигар моддаҳои минералию микроэлементҳои шифокорро берун меорад, ба обу лойқаи ғор хосияти шифокорӣ мебахшанд ва аз дарду ранҷ беморонро раҳо месозад (В.А. Серебряков., К.Я. Белкин. Д. 1957, с. 48).

пешина
аз 93
навбатӣ