Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа
толори нисбатан калон дорад. Умуман ин ғор ба самти шимол нигарон аст. Нисбат ба даромадгоҳ қисми қафои ғор 90 м баландтар воқеъ гаштааст, рӯди дохили ғор ба самти даромадгоҳ (шимол) ҷорӣ мешавад. Ҳисоб карда шудааст, ки дарозии умумии ғор ба 350 м баробар буда, паҳнии миёнааш 7 м ва баландиаш 8 метрро ташкил медиҳад. Дохили ғор асосан хушк аст. Дар фасли зимистон ҳарорати дохили ғор (+14 0С) нисбат ба беруни ғор (+9 0С) баланд аст. Агар ҳарорати оби рӯди дохили ғор дар мавсими зимистон +12 0С бошад, дар берун +11 0С-ро ташкил медиҳад. Пас, дохили ғор дар фасли зимистон аз берун гармтар, вале дар фасли тобистон нисбат ба берун салқинтар аст.
Харҷи миёнаи оби рӯди аз ғор бароянда ба 15-20 л/сония баробар аст. Сатҳи оби ғор вобаста ба фаслҳои сол каме пасту баланд мешавад. Аз рӯйи изи боқимондаи канори рӯд маълум мешавад, ки сатҳи об гоҳо то 1 м баланд мешудааст.
Дар тамоми дарозии ғор сталактитҳо чун шӯшаи яхкардаи об дар шифт овезонанд ва дарозиашон ба 40-50 см мерасад. Дар дохили ғор бо миқдори камтар сталагмитҳо чун найза аз фарш ба самти шифт сар кашидаанд.
Ғорҳои дар дохили намаксанг пайдошуда чандон бобақо ва устувор нестанд, тез пайдо мешавад ва ба зудӣ вайрон мешаванд, умри тӯлонӣ намебинанд.
Дар дохили ғор аз ҳайвонотҳо муши парон (кӯршапарак) селаи хурдро ташкил дода, то 50 м дуртари даромадгоҳи ғор дучор мешаванд. Дар ин қисми ғор инчунин тортанак, ғамбӯсак, гусоласарак ва ғайра дучор мешаванд, беранг ва ё шаффоф гаштаанд, гӯсоласарак қобилияти биноияшро қариб гум кардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё