Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа
он ҷо ҳам роҳ наёфта, бо ҳамон зӯрӣ бозгашта мебарояд ва он ғуррише, ки дар рӯзи шамол аз ин ғор мебарояд, садои даромад- баромади бод аст ба ҳамин ғор.
Падарам баъд аз ба хотири ман овардани ба даҳони кӯза пуф карданам илова кард:
- Дидӣ, ки бо як пуфи ту кӯза чӣ қадар ғуввос зад.
Қувваи шамол чандин ҳазор бор зиёдтар аз пуфи туст,
калон ва чуқурии ғор ҳам аз кӯзаи мо аз ҳад фузун зиёд аст.
Бинобар ин бо вазидани бод аз ин ғор садои тарсоваре мебарояд. Вагарна дар ин ҷо на аждаҳор аст ва на овози вай» (С. Айнӣ. Куллиёт, ҷилди 6, саҳ. 60).
Аз нуқтаи назари илмӣ ҳама гуна садоҳои аз дохили ғор берунонда, пеш аз ҳама ба ҳаракати ҳавои дохили ғор алоқаманд мебошанд. Агар бод дар ғор оҳиста ҳаракат карда ба сталактитҳо (шӯшаҳои аз шифт ба фарш овезон) бархӯранд садои мусиқии гӯшнавоз мебарорад, вале дар ҳолати бо суръати тез ҳаракат карда ба сталактитҳо бархӯранд он гоҳ садоҳои даҳшатнок пайдо мешавад. Дар баробари тағйир ёфтани суръату тавоноии бод, садои аз он пайдошаванда гуногуну тағйирёбанда мешавад. Пас, чӣ садоҳои тарсовар ва чӣ форами аз ғор бароянда на ба деву париён ва аждаҳо, балки ба шиддату суръати вазиши бод алоқаманд будааст.
Дар шимолу шарқии кӯҳи Хоҷамӯъмин соли 1961- 1962 муҳаққиқ Л.Н. Дриго (1963) гореро кашф, тадқиқ ва нисбати он тавсифи мухтасар, вале ҷолиб додааст.
Ин ғор аз водии дарёи Яхсу дар баландии 300-400 м ҷойгир шудааст. Ба ғор тавассути даромадгоҳи танг дохил шудан мумкин аст. Дохили ғор ба роҳрав монанд буда, гоҳо танг ва гоҳо васеъ мешавад. Аз байни ғор рӯди хурде бо овози шилдирросӣ ҷорӣ мешавад. Ғор ду

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё