Зеҳн
Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа

ЭкологияИлмСаломатӣ
Аз аввал хондан

кӯзаву мо ташналабон мегардем»! Ташкили экотуризми дохилӣ ва байналхалқӣ дар гумбази намаки Хоҷамӯъмин ва дарёкӯлҳои Чубак ва дигар соҳаҳои дар боло номбаршуда самараи зиёдеро ба бор оварда метавонад. Қайд менамоем, ки ин амали хайр ва фоидаовар дар ибтидо каме харҷи маблағ ва ташаббускориро талабаду бас. Бояд гуфт, ки созмони корхонаи бузурги коркарди намак ва истифодаи комплексии захираҳои атроф аҳамияти бисёртарафа дорад. Маълумотҳои мавҷуда ба он далолат мекунанд, ки соле ба воситаи оби чашмаҳои зери горҳои намаки Хоҷамӯъмин 4,6 млн. тонна намаки ошӣ шӯста шуда, манбаи шӯршавии обҳои атроф мегарданд. Агар корхонаи серсоҳаи намак бунёд мегардид, пеш аз ҳама масрафи беҳудаи ин неъмати худодод гирифта мешуд, эрозияи замин, шӯршавии замину оби дарёҳо то андозае коҳиш меёфт. Дуюм, мардуми қисман бекори музофоти Кӯлоб, аз ҷумла занону модарон ба ҷои кори доимӣ таъмин ва муҳоҷирати меҳнатии ҷавонон бо хориҷи кишвар коҳиш меёфт. Билохир аз содироти намак, гилтабобат ва сайёҳӣ буҷети ҷумҳуриявӣ боз ҳам ғанитар гардида, некуаҳволии мардуми музофоти Кӯлоб боз ҳам хубтар мегардид (Ҳ.Аброров, М.Акмалов. Д. 2014. С. 45-46).

2.3. Қимати табобатии гумбази Хоҷамӯъмин

Гумбази намаки Хоҷамӯъмин 22 км ҷанубу ғарбтари шаҳри Кӯлоб ва 6 км дуртар дар ҷанубии шаҳраки Восеъ воқеъ гардидааст. Намаккӯҳи Хоҷамӯъмин аз самти шимол ба ҷануб 12 км аз ғарб ба

пешина
аз 93
навбатӣ