Зеҳн
Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа

ИлмСаломатӣЭкология
Аз аввал хондан

чунин нақб хоб рафтан имконият медиҳад, ки ҳавои дар таркибаш намак доштаи намнок ва фишорӣ баланд доштаро нафас кашад. Чунин маҷмӯи шароити табиии нақб имконият медиҳад, ки бемориҳои диққи нафаси бронхиалӣ ва касалиҳои пӯстро табобат намоянд. Баъзе аз ғорҳои гумбази намаки Хоҷамӯъмин ба ин мақсад мувофиқ (таҷҳизонида) намуда, истифода бурдан ба мақсад мувофиқ аст:

  • бояд гуфт, ки дар як қатор мамолики ҷаҳон ғорҳои гуногунро муҷаҳҳаз намуда онҳоро баҳри саёҳат ва табобат истифода мебаранд. Дар ин самт ҳам гумбази намаки Хоҷамӯъмин имконияти хуб дорад;
  • дар ин кори хайр маблағгузории давлатӣ, инфиродӣ (хайрхоҳон) ва саҳмиягузорони хориҷиро истифода бурдан, қимати хуби иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва фарҳангӣ пайдо менамояд.

Ҳамин тариқ маълум мешавад, ки гумбази намаки Хоҷамӯъмин, рӯду ғорҳои канори он ва дарёкӯлҳои канори рӯди Чубак захира ва имкониятҳои ҳанӯз ба таври кофӣ истифода нашуда дорад. Аз ин лиҳоз Вазорати тандурустӣ ва муассисаҳои дахлдорро лозим аст, ки бо истифодаи мутахассисон, коршиносон лоиҳаи истифодаи комплексии ин мавзӯъро ҳаматарафа коркард намуда, барои дастгирӣ ва амалигаштани лоиҳа ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намоянд, чунонки дар урфият мегӯянд

  • «кори имрӯзро ба фардо магузор» (Ҳ. Аброров; О.
    Ризоева. «Маорифи Тоҷикистон». № 1. 2014, с. 56).

Чанд сол қабл Вазорати тандурустии Тоҷикистон
масъалаи истифодаи босамари захираю имкониятҳои
гумбази намаки Хоҷамӯъмин ва атрофи онро ба миён
гузошта буд, вале ин масъалаи ҳаётан муҳим ҳалли
худро то ба ҳол наёфтааст. Тавре мегӯянд: «Об дар

пешина
аз 93
навбатӣ