Зеҳн
Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа

ИлмСаломатӣЭкология
Аз аввал хондан

Аброров; О. Ризоева. «Маорифи Тоҷикистон». № 1. 2014, c. 55).

Дар як қатор мамлакатҳои ҷаҳон мавзеъҳои (ғору нақбҳо) фишори баланди атмосферӣ доштаро ҳамчун воситаи шифобахш дар амалияи тиб истифода мебаранд. Хеле барвақт мутахассисон дарк намуда буданд, ки ғорҳо ва нақбҳое, ки нишебона чуқур мераванд, дар он ҷо фишори атмосферӣ баланд аст. Махсусан ғорҳо ва нақбҳое, ки нисбат ба сатҳи баҳр паст ҷойгир шудаанд фишори атмосферӣ баланд аст. Дар чунин ҷойҳо нафасгирӣ барои беморони диққи нафас осонтар мебошад. Яке аз чунин ғорҳо дар доманаи қаторкӯҳи Копетдог (аз калимаҳои туркии «Куп» - бисёр ва «тоғ» (дағ) - кӯҳ баромада маънои кӯҳи бисёр ва ё бузургро дорад)-и Ҷумҳурии Туркманистон воқеъ буда, Бахарден ном дорад. Дар қаъри ин ғор, ки 60 м умқ дорад, кӯли начандон калони оби гарм дошта воқеъ гаштааст, 75 м дарозӣ ба ҳисоби миёна 14 м паҳнӣ ва 12 м умқ дорад. Ҳаҷми оби ин кӯли зеризаминӣ 6500 м³ аст. Оби кӯл 35-38°С гармӣ дорад. Таркиби об калсию натрийӣ ва хлоридию сулфатӣ буда, маъданнокии умумиаш ба 2780 мг/л баробар, гидрогенсулфур (10,5 мг/л) ва бор (3,5 мг/л) дорад. Ғор бо нерӯи барқ чароғон буда, барои ба умқи ғор фаромаду баромад кардан нардбон сохта шудааст. Ғорро бо мақсади табобат ва тамошо истифода мебаранд (А.Г.Чикишев. М. 1973. с. 83).

Дар марзи Ҷумҳурии Федеративии Германия дар ноҳияи Шёнбек барои табобати беморон нақби намакиро (аз он намак истихроҷ шудааст) истифода мебаранд. Беморонро ба ин нақб то ба умқи 400 метр мефароранд, ва шабро он ҷо мегузаронанд. Шабона дар

пешина
аз 93
навбатӣ