Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа
ба 0,5 м ва ҳарорати он аз 25 то ба 45°С мерасад. Дар қисми марказии кӯл ғафсии лойқа ба 50 см баробар аст.
Маъданнокии шӯробаи кӯлҳои Шимолӣ 36-51 г/дм³, яъне чандон баланд нест, зеро оби каммаъдани (10 г/дм³) рӯди Чубак ба кӯл дохил мешавад ва маъданнокии оби кӯлҳоро паст мекунад. Дар оби дарёкӯлҳои Шимолӣ кислотаи борат (58,8 мг/л) (дар қисми шимолу ғарб) мавҷуд аст. Лойқаи давоии кӯлҳои атрофи гумбази намаки Хоҷамӯъмин то ба имрӯз ҳамчун маводи табобатӣ истифода намешаванд (А.О.Орифов, Ш.Д.Деникаев и др. Д. 2006. С.97).
Захираҳои маъдании намаки гумбази Хоҷамӯъмин ва дарёкӯлҳои атрофи он се самти муҳими истифодашаванда доранд:
-
барои гирифтани намаки ошӣ захираи ниҳоят калон (30 миллиард тонна) мавҷуд мебошад. Ҳоло истихроҷ, коркард ва бастабандӣ тавассути завод, ки солҳои охир ба кор даромад иҷро карда мешавад;
-
самти дуюм истифодаи балнеологии лойқаи баландҳарорат барои табобати бемориҳо мебошад. Дар ин самт кори муфид анҷом дода нашудааст. Баъзан дар шӯробаи аз дохилии горҳо бароянда ва дарёкӯлҳо дербоз одамон ба худмуолиҷакунӣ машғул мешаванд;
-
дар як қатор мамлакатҳои ҷаҳон нафақат лойқаю шӯробаи кону кӯлҳои намакиро барои муолиҷаи маризон истифода мебаранд, балки горҳои намакиро ҷиҳозонида барои табобати бемориҳои диққи нафас истифода мебаранд;
-
барои босамари истифода бурдани намак, шӯробаи рӯдҳо, горҳои намакӣ ва дарёкӯлҳои давой месозад, ки дар ин мавзеъ маҷмааи серсоҳаи истеҳсоли намак ва муассисаҳои тиббию табобатӣ созмон дода шавад (Ҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё