Зеҳн
Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа

ИлмСаломатӣЭкология
Аз аввал хондан

шарк 9 км тӯл кашидааст. Майдони сатҳи гумбази намак ба 48 км мураббаъ баробар мебошад. Агар баландии нисбии кӯҳ 880 метрро ташкил диҳад, пас баландии мутлақ дар қуллаи гумбаз ба 1338 м мерасад.

Муҳаққиқон чунин меҳисобанд, ки захираи намаки кони Хоҷамӯъмин дар қаъри баҳри тунукобаи гарм дар натиҷаи таҳшон шудани намаки ош (хлориди натрий) дар давраи юраи эраи мезозой пайдо шудааст. Сонитар ин мавзеъ фурӯ мехамад ва болои намак бо таҳшиниҳои регӣ, гаҷ ва ғайра пӯшонида мешавад. Дар давраи сеюми геологӣ зери ҳаракатҳои навини тектонӣ чун ҷисми чандир фишурда шуда боло мебарояд. Ҳамин тавр гумбази намаки Хоҷамӯъмин пайдо мешавад. Захираи калони намак дар умқи гумбаз (6-7 км) хобидааст, ба миллионҳо тонна мерасад ва метавонад аҳолии ҷаҳонро 100-ҳо сол ва ҳатто бештар аз он бо намаки хушсифати ошӣ таъмин намояд. Захираи саноатии намак ба 1,3 млрд.т., вале захираи геологиаш ба 31 млрд.т. мерасад.

Доир ба кони намаки Хоҷамӯъмин ҳанӯз дар асри XIII сайёҳи итолиёвӣ Марко Поло маълумотҳои ҷолиб дода, онро ситоиш кардааст.

Гумбази намаки Хоҷамӯъмин бо чандин асрору муаммоҳои худ мӯъҷизаи беҳамто ва атои нодири табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар сатҳи гумбази намак сабзидани гиёҳҳо, буттаҳо ва дарахтҳо, мавҷудияти қифҳо, ғорҳо, «ахрому найзаҳо»-и намакию гаҷӣ, чашмаҳои шӯр диққати ҳар бинандаро ба худ мекашад ва ангушт зери дандон мегазанд.

Мувофиқи маълумотҳои О.Г. Добров (1987) дар гирду атрофи гумбази намаки Хоҷамӯъмин 49 ғор омӯхта шудааст, вале ғорҳои омӯхтанашуда ҳанӯз

пешина
аз 93
навбатӣ