Зеҳн
Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа

ИлмСаломатӣЭкология
Аз аввал хондан

Миқдори моддаҳои органикии лойқаи кӯл ва сулфиди оҳан аз талаботи меъёр андаке камтар мебошад. Қисмҳои алоҳидаи лойқа ифлосии механикӣ доранд, яъне андозаи ҳиссаҳои дурушт ба 0,25 мм мерасад. Миқдори микроэлементҳо дар шӯробаи қисми ҷанубу шарқии кӯл зиёд аст (А.А. Мальцев; В.Д. Фоменко. Д. 1965, с. 241).

Захираи лойқаи сиёҳ ва хокистарранги тираи Шӯркӯл ба 8,4 ҳазор тонна, лойқаи хокистарранги кӯл ба 86,1 ҳазор тонна ва дар якҷоягӣ ба 94,5 ҳазор тонна баробар аст (Б.А. Бедер, Н.И. Чуршина. Д. 1976. С. 48). Ғафсии лойқаи Шӯркӯл ба 10 см мерасад.

Дар ҳолати дуруст ба низом даровардани мизони обу намаки Шӯркӯл (яъне таносуби нишондиҳандаҳои физикию химиявӣ) қиммати хуби табобатӣ пайдо мекунад. Вале бояд гуфт, ки дар лойқаи кӯл пайдо шудани баъзе бактерияҳои чӯбчашакли касалиовар аз эҳтимол дур нест (А.А. Мальцев, В.Д. Фоменко. Д. 1965. С. 241). Аз ин лиҳоз пеш аз истифодабарии лойқа онро аз ҷиҳати бактериологӣ омӯхтан лозим аст. Барои ҳамин ҳам таҳлили махсуси санитарию бактериологӣ ва муайян намудани сарчашмаҳои ифлоскунандаи эҳтимолӣ чораҳои пешгирикунанда гузаронидан муфид хоҳад буд. Аз тарафи дигар дар атрофи Шӯркӯл ташкил намудани минтақаи ҳифзи санитарӣ басо муҳим ва талаботи айём аст. Созмони инфрасохтори тиббию табобатӣ имконият фароҳам меоварад, ки ғайр аз гилдаво, табобат бо унсурҳои иқлимро ба роҳ монда, бемориҳои гурдаро низ табобат карда шавад (Ҳ. Аброров; О. Ризоева. «Маорифи Тоҷикистон». № 1. 2014, с. 54).

пешина
аз 93
навбатӣ