Зеҳн
Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа

ИлмСаломатӣЭкология
Аз аввал хондан

2.2. Кӯлҳои шифобахши канори рӯди Чубак

Дарёкӯлҳои канори гумбази намаки Хоҷамӯъмин дар самти ғарб ва ҷанубу ғарбии ин гумбаз, ки аз гаҷу намаки давраи юраи болои геологӣ иборатанд, воқеъ гардидаанд, ба дарёи Чубак наздиканд, барои ҳамин ҳам ин кӯлҳоро боқимондаи дарёи Чубак ҳам меноманд. Болои қабати гаҷу намакро қабати тупуки лиёссмонандӣ реггилҳоки миёнаи давраи чорӯми геологӣ фаро гирифтааст.

Қитъаҳое, ки дар он ҷо кӯлҳо ҷойгир шудаанд аз таҳшониҳои реггилхок ва шағалии давраи чорӯми болои геологӣ иборат мебошад. Аз байни ин таҳшониҳо чашмаҳои сершумор берун меоянд, ки масрафашон аз 0,02 то ба 1,5 л/сония ва аз ин ҳам зиёдтар мебошанд.

Оби ин чашмаҳо аз ҷиҳати таркиби химиявӣ хлоридию натригӣ ва хлоридию сулфатию натригӣ иборатанд, маъданнокиашон ба 255-263 г/дм3 мерасанд. Масраф ва маъданнокии оби ин чашмаҳо ба миқдори бориши меборида алоқаманд мебошанд. Ташаккули оби ин чашмаҳо ба давраҳо (давргашт), ва полидашудани оби аз байни қабатҳои таҳшониҳои гаҷу намак гузаранда вобаста мебошанд.

Яке аз таркиботҳои хоси оби ин чашмаҳо аз он иборат мебошад, ки кислотаи борат (19,5 мг/л) ва бром доранд. Таҳлили спектралӣ ошкор намуд, ки дар таркиби оби чашмаҳо бо миқдори ниҳоят кам алюминий, стронсӣ, манган, титан, мис, нуқра, ванадий ва ғайра дигар унсурҳо мавҷуданд (А.О.Орифов, Ш.Ш.Деникаев и др. Д. 2006. С.96). Ҳамаи ин кӯлҳо

пешина
аз 93
навбатӣ