Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа
Ҳиссаи моддаҳои органикии гилхок (лойка) дар ҳолати хушк будан ба 0,2-2% мерасад. Ғилзати (консентратсияи) намакҳо дар шӯробаи давой ба 14-15%, дар ҳолати хушк будани NaCl ба 90-93% баробар аст. Хосиятҳои физикию химиявии лойқаи кӯл ва алоқамандии онҳо дар муҳити аэробӣ барои фаъолияти микроорганизмҳо мусбат арзёбӣ мешавад, яъне вайроншавии селлюлоза (ғози моддаи наботот), гидролизи сафедаҳо, барқароршавии биохимиявии сулфатҳо хуб мегузарад аз ин ваҷҳ барои дуруст (хуб) идомат ёфтани ташаккули лойқаи давой созгор мебошад. Реҷаи ҳарорати лойқаи шифобахши кӯл ба гуногун гарм шудани шӯроба дар давоми шабонарӯз ва фаслҳои сол тағйирёбанда аст ва он ба ҳарорати обу ҳаво вобаста мебошад.
Тафовути ҳарорат дар қисми марказии Шӯркӯл бештар ба мушоҳида мерасад. Аз ҳисоби обҳои зеризаминӣ дар тирамоҳ (октябр-ноябр) ҳал шудани босуръати сафолаки намаки рух медиҳад, дар ин раванд миқдори зиёди гармӣ хориҷ мешавад ва ҳарорати шӯроба ба 40°С мерасад.
Аз ҷиҳати нишондиҳандаҳои физикию химиявӣ захираи лойқаи Шӯркӯл ба талаботи кондитсионӣ (дараҷаи сифати муолиҷавӣ) наздик аст. Камбудӣ аз он иборат аст, ки ҳама қисмҳои лойқа бо об баробар таъмин намешавад. Ин бошад боиси нобаробар (номунтазам) идомат ёфтани равандҳои химиявию биологии дохилии лойқа мегардад. Сифати лойқа дар қитъаҳои алоҳида андаке тафовут пайдо мекунад. Лойқаи кӯл ранги сиёҳ, хокистарӣ, хокистарии тираро соҳиб буда, хосияти нармӣ ва каме бӯй гидрогенсульфид дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё