Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа
ғуборҳои атмосферӣ, ки тавассути боди «афғонӣ» (хокборип) ба болои кӯл меразад, яъне дар натиҷаи ҳазорсолаҳо рехтаанд вобаста мебошад. Маводи моддаҳои органикӣ Шӯркӯл аз ҳисоби пӯсидани боқимондаҳои набототу ҳайвоноти дохили кӯл пайдо мешаванд.
Лойқаи Шӯркӯл ранги сиёҳ, хокистарии тира, хокистарӣ, чарбу равғанӣ, часфак, молиданибоб ва бӯи гидрогенсулфид дорад.
Лойқаи Шӯркӯл ҳам ба самти уфуқӣ ва ҳам амудӣ хосиятҳои физикӣ ва химиявиашро тағйир медиҳад. Ғафсии лойқа дар соҳили шимол бештар аст, ва камтар ифлос шудааст. Скелети булурии (кристаллии) лойқаи давой (пеллоид) бештар аз карбон ва сулфати калсий ташаккул ёфтааст ва миқдори онҳо дар қитъаҳои алоҳида тафовут доранд аз садҳо ҳиссаи фоиз то ба 30%, миқдори фосфати калсӣ ва карбонати магний аз 0,1 то ба 18% мерасад (А.А.Мальцев; В.Д.Фоменко. Д. 1965, с. 139).
Дар таркиби скелети булурӣ (кристаллӣ) инчунин бо миқдори кам гач, фосфати калсий ва карбонати магний мавҷуд аст. Аз маҷмӯи моддаҳои коллоидӣ сулфиди оҳан, оксиди оҳану титан, манган ва алюминий дорад. Хлориди натрий дар қисмҳои ҷудогонаи кӯл аз 87 то ба 264 г/л ва реаксияи он - рН - 6,2 - 7,2 мебошад. Ғафсии намакобаи давой то ба 0,3 м, ғилзати (консельтрацияи) хлориди натрий аз 158 то ба 373 г/л тағйир меёбад. Дар таркиби намакоби давой кӯл мавҷуд будаи йод, бром ва бор сифати шифоии онро баланд бардошта, барои қабули тагораи (ваннаи) оби давой мусоидат мекунад. Захираи ҳисоб карда шудаи лойқаи давой қариб ба 95 ҳазор тонна мерасад (Гидрогеология СССР. Т. 41. М. 1972. С. 265. А.О. Орифов и др. Д. 2006, с. 94-95).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё