Зеҳн
Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа

ИлмСаломатӣЭкология
Аз аввал хондан

Манбаи асосии ғизогирии Шӯркӯл обҳои зеризаминии комплекси тирмизӣ буда, дар самти шимол воқеъ ва умқашон ба 6-7 м мерасанд, ба кӯл инчунин оби чашмаҳои шӯр ва гоҳо ҳангоми пуробии дарёи Панҷ ба кӯл оби дарё дохил мешавад. Маъданнокии ин обҳо аз 6 то ба 12,5 г/л мерасад. Аз ҷиҳати таркиби химиявӣ сулфатию натригӣ буда, йод (0,01-0,25 мг/л), кислотаи метаборат (1,83-9,7 мг/л), аммоний (0,15-3,80 мг/л) ва дигар микроэлементҳо дорад (А.А.Мальцев; В.Д.Фоменко. Д. 1965. с. 238).

Обҳои зеризаминии комплекси амударёӣ дар самти ҷануб ташаккул ёфтаанд, таркибашон сулфатию натригӣ ва хлору магнийӣ буда, маъданнокиашон аз 9,5 то ба 32 г/л мерасад. Маъданнокии ин обҳо ба самти ҷанубу шарқ афзун гардида, ба 50-80 ва ҳатто то ба 185 г/л баробар мешаванд. Дар таркиби ин навъ обҳо йод (0,1-0,34 мг/л), бром (0,58-177,0 мг/л), кислотаи метаборат (1,8-35,5 мг/л), инчунин оҳан, мис, титан, молибден ва дигар унсурҳо мавҷуданд. Дар атрофи кӯл обҳои зеризаминии аз ду типи дар боло ифшо шуда, омехташуда низ дучор мешаванд. Намакоби давоии кӯл то ба 0,3-0,4 м ва гоҳо то 0,8 м ғафсӣ доранд. Ин обҳо аз ҷиҳати таркиби химиявӣ хлору магнийӣ ва сулфату натригӣ мешаванд. Навъи якуми ин обҳо дар канори кӯл ва навъи дуюм дар мобайни кӯл ташаккул меёбанд.

Намакоби давоии ҷанубу шарқӣ маъданнокии бештар (350-375 г/л) дорад, ба самти маркази кӯл кам шуда то ба 300-275 г/л мефароянд, дар самти ҷанубу ғарб бошад то ба 158-225 г/л мерасад.

Пайдоиши лойқаи давоии Шӯркӯл ба ду манбаъ алоқаманд мебошад. Манбаи якум ин ҷинсҳои кӯҳии канори кӯл буда, ҳангоми боришоти атмосферӣ шӯста шуда ба кӯл дохил карда мешавад; манбаи дуюм чангу

пешина
аз 93
навбатӣ