Зеҳн
Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа

ИлмСаломатӣЭкология
Аз аввал хондан

муқоисавие, ки соли 1950 аз тарафи В.А. Бедер ва Н.М. Чуршина (с.1976) дар Оқсукон гузаронида буданд, ҳаминро нишон дод, ки захираи боқимондаи лойқаи шифобахш нисбат ба тадқиқоти соли 1932 (Э.Э. Корсенс ва М.В. Лаврова) 30 фоиз кам шудааст ва ҳоло дар кӯл 33210 метри мукааб ё ба миқдори 62430 тонна лойқаи давой боқӣ мондааст. Дар ҳолати сарфаю сариштакорона истифода бурдани лойқаи шифой ва аз тарафи дигар лойқаи истифодашударо ба кӯл баргардонида овардан захираи боқимонда барои 50 соли оянда мерасад. Албатта, ин рақам барои таърих вақти кӯтоҳ аст ва он кайҳо сипарӣ шуд. Хушбахтона, ҳанӯз дар кӯл лойқаи шифобахш бисёр аст. Ҳисобҳои солҳои охир нишон доданд, ки агар ҳар сол аз кӯл ба андозаи 100 тонна лойқа гирифта шавад, онгоҳ лойқаи дар кӯл боқимонда барои 700 соли оянда мерасад. Тадқиқотҳои оянда бояд захираи боқимондаи лойқаи давоиро саҳеҳ муайян намояд. Ба ҳар навъе, ки набошад, минбаъд лозим аст, ки истифодаи лойқаи давоии кӯли Оқсуконро дар асоси меъёри муайян бо тартиби муайян ва мувофиқи талаботи илмӣ ба роҳ мондан аз рӯи адолат аст.

пешина
аз 93
навбатӣ