Зеҳн
Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа

ИлмСаломатӣЭкология
Аз аввал хондан

БОБИ II. ДАРЁКӮЛҲОИ ДАВОӢ

Дарёкӯл гуфта чунин кӯлҳоеро меномем, ки дар хамгашт ё печухамии дарё баъди ростшавии табиӣ ё сунъии дарё дар ҷои хамгашт (меандра)-и дарё пайдо шудааст. Пас, ин навъ кӯлҳо боқимондаи дарё мебошанд. Барои ҳамин ҳам баъзе аз ин навъ кӯлҳои поёнҷараёни дарёи Вахш ба худ номи «дарёкӯл»-ро гирифтаанд. Аз ин лиҳоз истилоҳи «старица»-ро дарёкӯл гуфтан равост. Воқеан ин навъ кӯлҳо қисми аз дарё ҷудо шудаи хамгашти дарё мебошанд. Барои ҳамин ҳам ибораи дарёкӯл моҳияти мафҳуми (истилоҳи) старицаро ба хубӣ ифода мекунад. Одатан дарёкӯлҳо шакли ҳалқа, нимҳалқа ва ё ҳилолро мегиранд (Ҳ.Аброров; О.Ризоева. «Маорифи Тоҷикистон». № 1. 2014, с. 53).

Дарёкӯлҳо дар поёнҷараёни дарёҳои Панҷу Вахш ва Чубак дучор мешаванд. Дар зери баъзе аз ин кӯлҳо лойқаҳои давой ташаккул ёфтаанд, ки қиммати шифоӣ доранд.

2.1. Шӯркӯл ва қиммати давоии он

Чанде аз дарёкӯлҳои давой дар соҳили рости дарёи Панҷ (ноҳияи Қумсангир) воқеъ гаштаанд. Ба ин қабил кӯлҳо Дарахтикӯл, Беном (Безымянное), Охташқӯл, Аҷриккӯл ва Шӯркӯл (Шуккӯл) дохил мешаванд, лойқаи табобатӣ доранд. Дар байни ин кӯлҳо лойқаи кӯлҳои Дарахтикӯл, Охташқӯл ва Шӯркӯл қиммати беҳтари табобатиро соҳибанд.

пешина
аз 93
навбатӣ