Зеҳн
Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа

ИлмСаломатӣЭкология
Аз аввал хондан

хона мебаранд. Маълум аст, ки чунин амалиёт боиси талафоти лойқа мегардад.

Бо мақсади истифодаи сариштакронаи лойқаи давоӣ ташкили истифодаи қитъагӣ ба мақсад мувофиқ мебуд, зеро дар ин ҷараён ба баргашти лойқаи истифодашуда назорат бурда мешуд, аз тарафи дигар миқдори ҳақиқии лойқаи боқимонда ба ҳисоб гирифта мешуд. Аз ҷониби дигар чунин тадбир имконият медод, ки ба сифати лойқаи ҳар як минтақа дар алоҳидагӣ баҳои комилан дурусти илмӣ дода шавад.

Хуб мешуд, ки Вазорати нигоҳдории тандурустии ҷумҳурӣ кӯли Оқсуконро пурра ва қатъӣ зери назорат мегирифт, дар атрофи он минтақаи истироҳатии сабз ташкил карда, парвариши гиёҳҳои ба шароити камнамӣ ва гармо тобоварро ба роҳ мемонд.

Гидрогеологҳо Б.А. Бедер ва Н.М. Чуршина (1976) таклиф намудаанд, ки барои беҳбудии ояндаи Оқсукон ва муҳофизати атрофи он ташкил намудани пойгоҳи (стансияи) назоратӣ ва минтақаи кӯҳӣ санитарӣ лозим аст.

Ниҳоят, саволе ба миён меояд, ки захираи боқимондаи лойқаи давоии кӯли Оқсукон ба чанд соли минбаъда мерасад?

Барои ба ин савол ҷавоб додан, аввало, донистан лозим аст, ки ҳоло дар кӯл чӣ миқдор лойқаи давоӣ боқӣ мондааст, сониян донистан лозим аст, ки ҳоло соле аз кӯл чӣ миқдор лойқа гирифта мешавад, минбаъд сарфи он ба чанд тонна расида метавонад ва аз ин лойқаи ба истифода дода шуда чӣ миқдор аз нав ба кӯл бармегардад. Агарчи нисбати гузориши аввал баъзе рақамҳо мавҷуд бошанд, нисбати ду гузориши сонӣ мо рақамҳои даркориро пайдо карда натавоистем.

Муҳаққиқони гуногун захираи боқимондаи лойқаи давоиро ҳар хел ҳисоб карданд. Тадқиқоти такрорию

пешина
аз 93
навбатӣ