Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

аз қабили таркиб, таълим, таҳлил, тафтиш мебошад. Дар фасли гузашта таъкид шуда буд, ки феълҳои ин боб дар забони тоҷикӣ исми амал мебошанд ва худ маънои кору амалро низ ифода мекунанд. Гуфта будем, ки аз ҳамин сабаб ба асоси феъли «кардан»-ро часпондан мумкин нест. Ҳоло бояд гӯем, ки маҳз ба ҳамин сабаб онҳо ба асоси феъли «шудан», яъне ба «-шавӣ» ҳам эҳтиёҷ надоранд.

«Таслимшавӣ», «таҳлилшавӣ», «танқидшавӣ», инчунин «пайвандшавӣ», «обунашавӣ» ва монандӣ инҳо як гурӯҳи калимаҳоеро ташкил мекунанд, ки ба онҳо асоси феъли «шудан» безарурат илова шудааст. Аз ин қабил калимаҳо боз чанд гурӯҳи дигар ҳаст.

Масалан, ин қабил калимаҳоро ба як гурӯҳ дохил кардан мумкин аст:

Ин хафашавиаш аз нӯги хамир фатир будааст.

Ту аз фарбеҳшавӣ метарсидай.

Ман таърихи шиносшавии шуморо напурсидаам.

Ман дар дил нияти раисшавӣ надорам.

Вай дар аввали ошиқшавӣ дидори ёрро дида наметавонист.

Шубҳае нест, ки дар ин калимаҳо ҳам «-шавӣ» зиёдатист. Вале ин калимаҳо аз калимаҳои содаи гурӯҳи якум («обунашавӣ», «пайвандшавӣ», «таслимшавӣ») фарқ доранд. Калимаҳои содаи гурӯҳи якум чунонанд, ки аз онҳо «-шавӣ»-ро фурӯгузор кунем, калима ба шакли аслӣ медарояд. Аммо дар калимаҳои содаи гурӯҳи дувум «-шавӣ» ба ҷойи чизи дигаре, ба ҷойи пасванди «й» омадааст. Барои ин ки калимаҳои содаи гурӯҳи дувум шакли дуруст гиранд, дар онҳо аз «-шавӣ» фақат «й»-ро, ё шаклҳои дигари он, масалан, «гӣ»-ро боқӣ гузоштан лозим асту бас. Чунончи, ба ин тарз:

Ин хафагиаш аз нӯги хамир фатир будааст.

Ту аз фарбеҳӣ метарсидай.

Ман таърихи шиносоии шуморо напурсидаам.

Ман дар дил нияти раисӣ надорам.

Вай дар аввалҳои ошиқӣ дидори ёрро дида наметавонист.

ПАС дар ин маврид ҳам асоси феъли «шудан» нодаркор аст.

Дар ҳақиқат, худи хафагӣ ё фарбеҳӣ чӣ маъно дорад? Маънои аслии онҳо хафа будан ва фарбеҳ будан аст, вале онҳо маънои хафа шудан ва фарбеҳ шудандро

пешина
аз 393
навбатӣ