Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар ҷумлаи «Онҳо аз дигаргуншавии авзои дӯста-шон дар ҳайрат монданд» низ калимаи мураккаб бояд ба ҳамин тарз ислоҳ шавад: «Онҳо аз дигаргунии ав-зои дӯсташон дар ҳайрат монданд».

Дар ҳамаи ин ҷумлаҳо агар мафъулиятро таъкид кардан зарур бошад, калимаи мураккабро аз пасванди «и» озод карда, баъди он феъли «шудан»-ро пурра зикр кардан лозим меояд: «аз хавфи хонавайрон шудан ха-во намуд», «ба хонахароб шудани мазлумон сабаб ме-гардида», «аз хонадомод шудани ор мекарданд», «аз ди-гар шудани авзои дӯсташон дар ҳайрат монданд».

Дар ин шакл ҳам маъно мукаммал ва ҷумла равон аст.

То ин ҷо дар бораи калимаҳое гап задем, ки кали-маи мураккаб буда («хонахароб», «хонадомод», «гум-нома», «саноапор»), боз асоси феъли «шудан»-ро ба онҳо илова кардаанд. Акнун меоем ба сари калимаҳои со-да, ки ба онҳо асоси феъли «шудан» илова гардида-аст.

Аз аввал бояд гӯем, ки ба калимаи сода ҳам илова шудани «шавӣ» ҳеҷ зарурат надорад. Инак чанд мисол:
Пайвандшавии ҷузъҳои ин достон суст мебошад.
Япония дар арафаи таслимшавӣ буд.
Обунашавӣ ба газетаву журналҳо оғоз ёфт.

Агар аз ин калимаҳо «-шавӣ»-ро партоем, калима ё ҷумла ҳеҷ зарар намебинад: «Пайванди ҷузъҳои ин достон суст мебошад»; «Япония дар арафаи таслим буд»; «Обуна оғоз ёфт».

Оре, дар ин мавридҳо будану набудани «-шавӣ» аҳа-мияте надорад. Пас набудани он беҳтар аст. Зиёда аз ин дар калимаҳои боло зикр нашудани «-шавӣ» на тан-ҳо беҳтар, балки зарур аст. Боз ҳам дар сурате ки як маъниро бо як калимаи содаи кӯтоҳ ифода кардан мум-кин будааст, калимаи мураккаби сеҷузъа сохтан чӣ даркор?

Дар бораи калимаи таслимшавӣ, ки дар яке аз ҷум-лаҳои мазкур ҳаст, бояд гӯем, ки таслим ҳам аз феъл-ҳои арабӣ боби тафъил аст, яъне аз ҷумлаи калимаҳое

пешина
аз 393
навбатӣ