Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
аслии ифода ба миён омадааст. Ба ин ҳақиқат аз мисолҳои поён бовар ҳосил мешавад.
Аз мисолҳои боби гузашта дар калимаҳое аз қабили маҳсулоттайёркунӣ, нафттозакунӣ, хатмашқкунӣ, обсофкунӣ феъли кардан феъли гузаранда аст ва ин навъи калимаҳои мураккаб аксаран бо асоси феъли гузаранда сохта мешаванд. Лекин ҳатто дар ин сурат ҳам аз сохтани калимаи мураккаб ва асоси феъл худдорӣ кардан мумкин аст. Чунончи, шакли аслии хатмашқкунӣ, машқи хат аст. Машқи хат аз хатмашқкунӣ сабуктар, равонтар ва гӯшнавозтар буда, шакли классикии ифодаи ин маънои ҳамин аст. Дар забони классикӣ агар калимаи мураккаб бисёр вазнин шавад, аз он худдорӣ карда, маъниро бо ибора ифода мекарданд, чунки ибораи сабуки равон аз калимаи серҷузъи гарон беҳтар аст.
Бо асоси феъли гузаранда сохтани чунин калимаҳои вазнини чорҷузъа (хатмашқкунӣ) номатлуб ва бо асоси феъли монда сохтани онҳо ноҷоиз аст. Ва ҳол он ки шудан феъли монда аст.
Калимаҳое аз қабили кӯҳпайдошавӣ, хонадоршавӣ, хонахаробшавӣ, дилобшавӣ, аспсаворшавӣ, ки ҳоло бисёр дида мешаванд, ба ақидаи мо, хилофи қоидаанд.
Тарзи ифодаи маъние, ки аз сохтани ин калимаҳо дар назар аст, тамоман дигар аст. Масалан, «кӯҳпайдошавӣ»-ро пайдоиши кӯҳ гуфтан лозим буд (ба қолиби «машқи хат»). Фақат ба сабаби он, ки «горообразование» дар русӣ як калима аст, шарт нест, ки мо ҳам барои ифодаи маънои он ба тоҷикӣ ҳатман як калимаи вазнин созем. Дар ин мавридҳо аз имкониятҳои ибора истифода кардан лозим меояд. Калимаи мураккаби серҷузъи сунъӣ ҳеҷ гоҳ ҷои ибораи сабуки табиъиро гирифта наметавонад.
Барои он ки қабоҳати калимаҳои «-шавӣ»-дори боло маълум шавад, чанд мисол меорем.
«Гӯё онҳо аз хонавайроншавии ӯ хурсанд буданд»; «Ӯро аз хавфи хонавайроншавӣ озод намуд»; «Ин ҳолат ба хонахаробшавии мазлумон сабаб мегардид».
«Аксар аз хонадомодшавӣ ор мекарданд».
«Вай аспсаворшавиро ёд гирифт».
«Рубонро аз гумномшавӣ боздошт».
«Онҳо аз дигаргуншавии авзои дӯсташон дар ҳайрат монданд».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё