Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

«-шавӣ»-ҳо низ, ҳатто бояд гуфт, ки ҳамаи онҳо тамоман нопозиманд. Ин матлаб аз мисолҳои зерин маълум мешавад:
Иҷрошавии ин планҳо иқтидори мамлакати моро зиёд мекунад; Инҳо ба пайдошавии ситораи нав вобастагӣ надоранд ва амсоли инҳо.
Ин ҷо «иҷрои ин планҳо» ва «пайдоиши ситораи нав»
гуфтан басанда буд.
Дар ин гуна калимасозиҳо баъзан дар байни исм ва асоси феъл ҳатто як «на» ҳам илова мекунанд: ҳозирнашавӣ (неявка), обнашавӣ (нерастаяние), ҳуҷумнакунӣ (ненападение) ва дигарҳо. Дар ин сурат калима боз ҳам хунуктар мешавад.
Ба фикри мо, ин шакли калимасозӣ дар забони тоҷикӣ — на дар гуфтугӯ мавҷуд буд ва на дар китоб.
Боз ҳам фақат барои ин ки як калимаро бо як калима тарҷума кардан мумкин шавад, ба таври сунъӣ ин гуна калимаҳои мураккаб сохта истодаем. Ва ҳол он ки дар ҳамаи мавридҳо «ҳозир нашудан» (ҳозир нашудани..., ҳозир нашуданаш...), «об нашудан», «ҳуҷум накардан», «худдорӣ аз ҳуҷум» гуфтан мумкин ва беҳтар аст.
Дар забони тоҷикӣ чанд калима аз қабили ӯҳданобаро, гапнодаро ва ғайра ҳаст. Инҳо низ пас аз исм ва пеш аз асоси феъл як «на» доранд (вале на «не»). Ҳарчанд ки маънои ин калимаҳо манфист, мумкин аст, ки ҳамин «на» ба онҳо як оҳанги махсус бахшидааст. Онҳо мусиқии фораме доранд. Аммо аз ин табиият ва равонии мусиқимонанд, ки дар калимаҳо ҳаст, дар калимаҳои гумнашавӣ, ҷудонашавӣ, иҷронакунӣ, ки имрӯз мо сохта истодаем, асаре нест. Ин калимаҳо ба табиати забон, ба мусиқии он зид ҳастанд.
Интишори беҳадди калимасозии бо -кунӣ боиси ривоҷу равнақи калимасозии бо -шавӣ гардид. Ба фикри рафиқоне, ки ин тарзи калимасозиро сахт риоя мекунанд, асоси феъли кардан мафҳуми маълюмият, аммо асоси феъли шудан маънои маҷҳулиятро бояд ифода намояд. Яъне он чиро, ки хоси феъл аст, ба исми амал ҳам гузарониданд. Ин кор, албатта, бо мақсади дақиқ ифода кардани маъно сурат гирифтааст. Лекин, ба фикри мо, ин ғамхорӣ дар ҳаққи ифодаи дақиқи маъно барзиёд, ғамхории бемаврид ва нодаркор аст. «Ин ғамхорӣ» дар натиҷаи фаромӯш кардани маънои аслии калимаҳое, ки бидуни -шавӣ ҳам маҷҳулиятро ифода карда метавонанд, дар натиҷаи фаромӯш кардани тарзҳои

пешина
аз 393
навбатӣ