Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
Аз ин мисолҳо маълум мешавад, ки бошад ҳам, равад ҳам ва монанди инҳо дар забони арабӣ чандон нав нест ва кайҳо боз дар ифодаи фикру ҳисси олӣ иштирок дорад. Ба ин сухани сода ва софу тозаи Бедил ду пайвандаки нодаркор илова кунем, аз ҳусни он чизе намемонад.
Дар аввали ҷумлаи пайрав омадани пайвандакро (ҳарчанд мо ҳама ҷамъ шуда будем) навъи якуми ҷумлаи мураккаби тобеи хилофӣ меномем. Бо аорист ва ҳиссача ба шакли бошад ҳам, равад ҳам, гӯяд ҳам ва ғайра ифода шудани ҷумлаи пайрав навъи дувуми ҷумлаи мураккаби тобеи хилофист. Ин гуна ҷумлаҳо навъи севум ҳам доранд, ки чунин хоҳад буд:
Мо ҳама ҷамъ шуда будем, аммо маҷлисро сар намекарданд.
Ин таклиф дуруст буд, лекин қабул нашуд.
Дар вақташ расида омадам, вале ӯро ёфта натавонистам.
Дида мешавад, ки навъи севум фақат дар сарҷумла пайвандак дорад. Боз ҳам маъно бо як пайвандак — бо як воситаи грамматикӣ пурра ифода мегардад ва ба се восита эҳтиёҷ нест.
Аҷобат дар ин аст, ки ҳамин се навъи ҷумлаи хилофӣ ва воситаҳои грамматикии он дар навиштаҳои имрӯза як ҷо шуда, навъи чорум ба миён омадааст. Навъи чорум ҳамаи хусусиятҳоеро, ки навъи асосӣ дорад, якҷоя дар бар меорад: ҳам пайвандаки аввали ҷумлаи пайрав, ҳам аористу ҳиссача, ҳам пайвандаки аввали сарҷумларо фаро мегирад, яъне ҳарчанд... бошад ҳам, аммо... қолаби он аст. Мисоли онро дар боло дидем:
Ҳарчанд мо ҳама ҷамъ шуда бошем ҳам, аммо маҷлисро сар намекарданд.
Суоле пеш меояд, ки оё барои як кардани се навъ ва ба вуҷуд овардани як навъи серага эҳтиёҷе буд?
Ба фикри мо, набуд. Пас, навъи чорум чаро пайдо шуд?
Ба ақидаи мо, сабаби пайдоиши он боз ҳамон аст, ки ба муносибати дигар рӯйдодҳои номатлуби услуби чандин бор таъкид кардаем: ба назари баъзе қаламкашҳои ҳозира сухани содаи мукаррарӣ нокифоя менамояд ва барои қувват додани сухан чанд чизи дигар ба калимаву ибораву ҷумла илова менамоянд, вале бехабар аз онанд, ки ин унсурҳои нодаркор ба сухан на қувват, балки сустӣ меорад, сухан аз ҳашви қабеҳ олоиш меёбад ва суст мешавад. Инро дар услубшиносии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор