Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
классикӣ заъфи таълиф мегуфтанд. Заъфи таълиф дар навиштаҳои имрӯза торафт меафзояд ва як намунаи он, ба фикри мо, навъи чоруми ҷумлаи хилофӣ ва ба ҷойи як воситаи грамматикӣ бо се восита сохта шудани он аст.
Гоҳ дар чунин ҷумлаҳо ҳатто на се, балки чор воситаи грамматикӣ ба кор меравад, ки инро навъи панҷуми ҷумлаи мураккаби тобеъи хилофӣ метавон номид. Чунончӣ:
Ҳарчанд асоси ин асарҳоро афсонаҳои халқӣ ташкил диҳад ҳам, вале бо вуҷуди ин дар мазмун дигаргуниҳо ба назар мерасад.
Ин ҷо хилофиятро чор чиз: 1) ҳарчанд, 2) бошад ҳам, 3) вале ва 4) бо вуҷуди ин ифода кардааст. Ва ҳол он ки яке аз инҳо басанда буд ва сеи дигар зиёдатист.
Бо се-чор воситаи грамматикӣ ифода шудани хилоф соли 1939 боиси эроди Ҳабиб Юсуфӣ гардида буд (ниг.: Ҳ. Юсуфӣ, Роҳи нотамом, 1973, саҳ. 201). Мо ба фикри ин шоири шаҳид шарикем.
Ифодаи хилоф боз баъзе шаклҳои вайрон дорад, ки Ш. Рустамов онҳоро аз назар гузаронидааст (ниг.: Ш. Рустамов, Замон ва забон, саҳ. 150-151). Мулоҳизаҳои ӯ ҳам ҷолиби диққат ва сазовори дастгирӣ мебошанд.
Маъние, ки бо як-ду калима ифода шуданаш мумкин аст, бидуни зарурати махсусе бо чор-панҷ калима ифода гардад, бешак, ҳусни сухан аз байн хоҳад рафт. Дар ҷумла роҳ ёфтани калимаҳои зиёдатии нодаркор аломати он аст, ки қаламкаш фикрашро кӯтоҳу мӯҷаз ва софу тоза, ба он тарзе ки лозим аст, баён карда наметавонад, унсурҳое илова мекунад, ки ба сухан гаронӣ меоранд, боиси хирагии матлаб мегарданд. Баръакс, суханро аз унсури зиёдатӣ тоза кардан хунарест, ки қаламкашро кам-кам ба сӯйи санъати содаву нафис мебарад. Беэҳтиёт қалам рондан, аз пайи одисуханӣ ва зиёдагӯйиҳои авомона, гапи пастмаҳаки кӯчаву бозор рафтан ҳаргиз нишонии ба халқ наздик шудани забони адабӣ нахоҳад буд. Асолати сухан ва халқияти олии забони адабиро бо нуктасанҷӣ ва гавҳаршиносӣ метавон устувор кард. Он ҷумлаҳои имрӯза, ки дар онҳо як матлаб бо се-чор воситаи ҳаммаъно такрор ба такрор адо шудааст, ба фикри мо, нишонии дур рафтан аз суҳани асил аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор