Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

аз тарафи умум қабул шудааст ва на фақат дар матбуот, балки дар офаридаҳои нависандагони намоён ҳам дида мешавад. Бо вуҷуди ин, бояд таъкид кунем, ки ин қолиб як нишонаи одӣ гардидани сухан ва аз низоми ҷиддӣ маҳрум гардидани баён мебошад. Мақсад аз ин ки дар ин ҷумлаҳо як маънӣ бо се воситаи грамматикӣ ифода шудааст, пурратар ифода кардани матлаб ва афзудани таъсири сухан аст, аммо дар назари камина инҳо гапи хоида мебошанд, ки кам таъсир доранд. Барои ин ки он ҷумлаҳо низоме дошта бошанд, ба фикри мо, тахминан ба ин шакл тартиб додан лозим буд:

Ҳарчанд мо ҳама ҷамъ шуда будем, маҷлисро сар намекарданд.

Агарчӣ ин таклиф дуруст буд, қабул нашуд.

Агарчанде ки дар вақташ расида омадам, ӯро ёфта натавонистам.

Бачаҳо ҳарчанд каму беш сарфаҳм мераванд, бе модар алами ҷудоӣ мекашанд.

Ҷумлаҳои мазкурро ба шакли дигаре, масалан, ин тавр ҳам сохтан мумкин аст:

Мо ҳама ҷамъ шуда бошем ҳам, маҷлисро сар намекарданд.

Ин таклиф дуруст бошад ҳам, қабул нашуд.

Дар вақташ расида омадам бошам ҳам, ӯро, ёфта натавонистам.

Бачаҳо каму беш сарфаҳм раванд ҳам, бе модар алами ҷудоӣ мекашиданд.

Равшан аст, ки ин ҷо ҳам маънӣ тамоман дигар нашудааст, ҳамон аст, ки буд. Боз ҳам ба ҷойи се воситаи грамматики яке кифоя аст: худи бошад ҳам ё равад ҳам вазифаи ду пайвандаки дигарро, ки дар аввали ҷумлаи пайрав (ҳарчанд, агарчӣ, агарчанде ки) ва дар сарҷумла (аммо, лекин, вале) омадааст, пурра иҷро карда метавонад. Пас, дар ин сурат ба пайвандакҳо эҳтиёҷ намемонад.

Мисоли классикии ин қолиби ҷумлаи мураккаби хилофи ин аст:

Агар биёранд ҳам, раво бувад (Насируддини Тӯсӣ).

Ба хуруҷ пайвандад ҳам, ...зоид ном ниҳодаанд (Насируддини Тӯсӣ).

Ёд бод он, к-аз табассум файзи оме доштӣ,
Дар хитоби ғайр бошад ҳам, паёме доштӣ.
Бедил

пешина
аз 393
навбатӣ