Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

АдабиётФарҳангМаърифат
Аз аввал хондан

охири ҷумлаи пайрав омадааст, як маъниро мефаҳмонанд. Ин аз он ҷо маълум мегардад, ки аз аввали ҷумла агар-ро партоем ҳам, маънои дигар намешавад ё ки агар-ро нигоҳ дорему ҳам-ро фурӯгузор намоем ҳам, боз маънии ҷумла зарар намебинад.

Дар ҷумлаи дувум азбаски ва бино бар ин ҳарду ба алоҳидагӣ сабабиятро ифода кардаанд, яъне боз як маъни ду бор омадааст ва ҳол он ки яке бас буд. Ин ҳолатро дар ҷумлаҳои поин низ мебинем:

Азбаски ёрии таъҷилӣ расонида шуд, бино бар ин ягон нохушӣ рӯй надод.

Азбаски забони арабӣ забони флективист, бино бар ин ба асоси флексияи дохилӣ як калима шаклҳои гуногунро гирифта метавонад.

Чун шеърҳои Абулҳасани Марвазӣ ба зӯҳдиёти он шоири араб монанданд, аз ин рӯ ӯро аввалин шоири суфӣ намехонанд.

Агар ин шарт қабул шавад, он гоҳ мо розӣ ҳастем, ки...

Дар ҳамаи ин ҷумлаҳо бо ду воситаи забонӣ ифода шудани як матлаб чандон айби ҷиддӣ нест, лекин агар ин нуқсон дар забон аз ҳад зиёд доман паҳн кунад ва дар ҳар қадам дучор шудан гирад, бегумон, ба норасоии ҷиддие табдил меёбад.

Зиёда аз ин, дар забони имрӯза аксаран як маъниро на ин ки бо ду, балки бо се восита ифода менамоянд. Ҳоло дар аксарияти кулли мавридҳо ҷумлаи мураккабе, ки ҷумлаи пайрави он хилофист, ба ин шакл сохта мешавад:

«Ҳарчанд мо ҳама ҷамъ шуда бошем ҳам, аммо маҷлисро сар намекарданд».

«Агарчи ин таклиф дуруст бошад ҳам, лекин қабул нашуд».

«Агарчанде ки дар вақташ расида омада бошам ҳам, вале ӯро ёфта натавонистам».

Бачаҳо ҳарчанд каму беш сарфаҳм раванд ҳам, бо вуҷуди ин бе модар олами ҷудоӣ мекашанд.

Дар мисоли якум хилоф бо се чиз ифода шудааст: пайвандаки хилоф (ҳарчанд) + аористу ҳиссача (бошад ҳам) + пайвандаки хилоф. Қолиби наҳвии дигар ҷумлаҳои боло низ ҳамин аст. Барои ифодаи матлаб яке аз ин се восита бас буд, вале қаламкаш якеро кам дониста, боз ду воситаи дигар илова намудааст.

Ин қолиби ҷумлаи мураккаби тобеи хилофӣ ҳоло

пешина
аз 393
навбатӣ