Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
Дар кадом мавридҳо -чӣ бештар ба кор меравад? Чунин ба назар мерасад, ки пасванди -чӣ монандӣ пасванди -гар касбу машғулиятро фаҳмонад ҳам, бештар машғулият бо кореро не, балки машғулият бо чизеро ифода менамояд. Инро аз калимаҳои наве, ки дар замони шӯравӣ сохта шудаанд, пай бурдан мумкин аст: тракторчӣ, телефончӣ, телеграфчӣ, пулемётчӣ, мартенчӣ, вертолётчӣ, булдозерчӣ, тайёрачӣ («Парвози тайёрачиҳои советӣ ба Америка» — Лоҳутӣ), скрипкачӣ, прокатчӣ, табелчӣ, нефтчӣ, мошиначӣ, парвозчӣ ва монандӣ инҳо. Бештари чунин калимаҳо аз исмҳои наве сохта шудаанд, ки номи чизҳои тозабаромад ва маҳсули илму техникии замониро мефаҳмонанд. Дар миёни чунин калимаҳо калимаҳое ҳам ҳастанд, ки бо -чӣ аз исми хос ва ҷинс исми муҷарради ифодагари як равияи илмӣ ва иҷтимоиву сиёсӣ ё касбу машғулият сохта шудааст: ленинчӣ, стахановчӣ, инқилобчӣ, халқчӣ, республикачӣ, алоқачӣ, хизматчӣ ва ғайра.
Албатта, баъзен ин калимаҳоро ба тарзи дигаре ҳам сохтан мумкин буд, ҳатто шояд беҳтар мебуд, чунончи: ленинӣ, стахановӣ (чунин муҳаммадӣ, исавӣ — исавиён), инқилобкор ва ғайра. Вале маҳз бо часпаки -чӣ сохтани онҳоро зарур донистаанд. Мардумони он солҳо ба ин пиндор буданд, ки -чӣ халқияти забонро қувват медиҳад, забони адабиро ба халқ наздиктар мебарад.
Бештари чунин калимаҳои нав солҳои сиву чили қарни бист сохта шудаанд. Солҳои ҳафтаду ҳаштод ҳам бисёре аз номҳои касбу ҳунар, ки дар зиндагӣ фаровон пайдо шудаанд, бо -чӣ, шакл гирифтаанд. Вале як қисми чунин номҳои нави имрӯзаи касбу ҳунар, чунончи касбҳои техникии хеле ғайриодӣ ва хунук менамоянд. Зеро чунончи доктори илми филология Бозор Тилавов қайд карда буд, «аксарияти мутлақи исмҳои бо пасванди -чӣ сохташуда характери гуфтугӯӣ, лаҳҷавӣ дошта, ҳодисаҳои маишию муқаррариро ифода мекунанд» («Мавқеи истеъмоли пасванди -чӣ», «Маориф ва маданият», 3 авг. с. 1978). Оре, хусусияти лаҳҷавию гуфтугӯии пасванди -чӣ аксаран суханро одӣ карда ба пастмахакӣ мекашад ва ҳамин ҳолат сабаб шудааст, ки бисёре аз калимаҳои нави дорои -чӣ дар забони адабӣ нобаҷо ва бегона менамоянд. Як сабаби он ки солҳои ҳафтаду ҳаштод истифодаи -чӣ дар истилоҳсозӣ кам шуд, ҳамин буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор