Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

гардид. Ин ҳолат ба забони адабӣ андак маҳдудият ва якрангӣ овард ва ҳол он ки маҳдудияту якрангӣ ҳеҷ гоҳ нишонаи халқият нахоҳад буд.

Барои ин ки ба ин ҳақиқат бовар ҳосил кунем, калимаҳои поинро аз назар гузаронидан лозим аст: насиҳатчӣ, ғавғочӣ, ғайбатчӣ, пардозчӣ, ҳуҷумчӣ, ҷанҷолчӣ, таркидунёчӣ, ҷиноятчӣ, сиёсатчӣ, тадқиқотчӣ, тарбиячӣ, тасаввуфчӣ, дурӯғчӣ, таслимчӣ ва ғайра. Чунин калимаҳо солҳои сиву чил ва панҷоҳи садаи бист бисёр сохта шуданд. Ба ин тарз калима сохтан осон аст ва шояд аз ҳамин сабаб мавриди меҳри махсуси баъзе қаламкашҳо қарор ёфт. Чанде аз ин калимаҳо дар забони халқ — дар баъзе лаҳҷаҳо дида мешавад (масалан, дурӯғчӣ, воҳимачӣ, пардозчӣ, ғайбатчӣ), калимаҳои дигар аз рӯйи ҳамин намуна сохта шудаанд ва гоҳ дар маъно тобиши махсус, масалан, оҳанги кинояомез доранд. Бо вуҷуди ин тамоман равшан аст, ки бисёре аз онҳо дар натиҷаи суст шудани эҳсоси мавридшиносӣ, дар натиҷаи гурехтан аз ҷустуҷӯйи шаклу тарзҳои мувофиқтар ба миён омада буданд. Агар аз осонкорӣ худдорӣ намуда, ба талаботи баландтари забони адабӣ ҷавоб гуфтан хоҳем, масалан, дурӯғчӣ, насиҳатчӣ, пардозчӣ не, балки дурӯғгӯй, насиҳатгар, пардозгар, ё ки ҷиноятчӣ, тақлидчӣ не, балки ҷинояткор, тақлидкор инчунин сиёсатчӣ не, балки сиёсатмадор, сиёсатгузор ё сиёсатфурӯш, сиёсатбоз гуфтан лозим меояд, яъне фақат бо пасванди -чӣ маҳдуд нашуда тарзу шаклҳо ва воситаҳои гуногунро ҷустуҷӯ ба кор бурдан даркор аст. Зотан забони адабӣ дар бисёр мавридҳо аз забони гуфтугӯӣ айнан нусха намебардорад, балки баъзе маҳдудиятҳои гуфтугӯро бартараф карда, барои корбасти имконоси фаровони забони халқ замина тайёр менамоянд. Дар натиҷаи ҳамин тақозои забони адабӣ буд, ки солҳои шасту ҳафтод калимаҳое аз қабили сиёсатчӣ, танқидчӣ, тарбиячӣ, таслимчӣ, ҳуҷумчӣ дигар ба вуҷуд наомаданд ё хеле кам шуданд.

Ин гап чунин маъно надорад, ки ҳоло -чӣ аз амал мондааст ва дигар бо ин пасванд калима сохтан мумкин нест. Не, дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ бисёр калимаҳое ҳастанд, ки пасванди -чӣ дар онҳо хеле бамаврид омадааст. Масалан, хизматчӣ, шикорчӣ, тракторчӣ, колхозчӣ, сарҳадчӣ, ташкилотчӣ, тӯпчӣ, кончӣ ва ғайра аз ҳамин қабиланд.

пешина
аз 393
навбатӣ