Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

классикии калимасозист, дар забони адабии имрӯза фаъол шудани он ҳеҷ ҷойи тааҷҷуб надорад. Аз ҳамин ҷост, ки калимаҳое аз қабили пайвандгар, баёнгар, равшангар, намоёнгар, таҳиягар на танҳо ба навиштаҳои бадеӣ ва илмӣ, ҳатто ба истилоҳот ва публисистикаи матбуоти ҷорӣ роҳ ёфтанд. Баъзе ин калимаҳо аз забони халқ ё адабиёти классикӣ гирифта шудаанд ва баъзе наванд.

Ин як ҷиҳати раванди муҳими фаъол шудани пасванди -гар буд. Ҷиҳати дигари ин раванд он аст, ки кам-кам вазифаи пасвандҳои -анда ва -чӣ низ ба -гар гузаштан гирифт. Калимаҳое, ки солҳои сиву чили асри XX бештар бо -анда ва -чӣ сохта мешуданд, ҳоло бо -гар низ сохта мешаванд: ҳоло истисморгар, шӯришгар, намоишгар, кафшергар ва монандӣ инҳо ба ҷойи истисморкунанда, шӯришчӣ, намоишчӣ, кафшерчӣ бештар истифода мегарданд. Пайвандгар, баёнгар, равшангар, намоёнгар ва монандӣ инҳо низ 15—20 сол пештар асосан бо -анда сохта мешуданд: пайвандкунанда, баёнкунанда, равшанкунанда, намоёнкунанда мегуфтем. Имрӯз дар чунин мавридҳо аз -анда даст кашида, ба -гар бартарӣ додани мо ҳодисаи муҳим ва шояд фаҳмат мусбат аст.

Бояд фаромӯш накунем, ки пасванди -анда ба калима гоҳ андак ва гоҳ хеле вазнинӣ меорад, аммо калимае, ки бо -гар сохта шудааст, бештар сабуку равон аст. Инро аз мисолҳои бисёре, масалан, аз муқоисаи истисморкунанда ва истисморгар, равшанкунанда ва равшангар, созишкунанда ва созишгар, молишдиҳанда ва молишгар, нишондиҳанда ва нишонгар фаҳмидан мумкин аст. Аз ин сабаб мо ақида дорем, ки дар он маврид фаъол шудани -гар ва маҳдуд шудани доираи амали -анда тасодуфан рӯй надодааст, балки вобаста ба қонунҳои дохилии забон аст, ки ҳамеша рӯ ба сӯйи сабукиву равонӣ дорад.

Дар чанд соли охир маҳдуд шудани вазифаи пасванди -чӣ ва ҷойи онро гирифтани -гар ҳам натиҷаи қувват ёфтани амали қонунҳои дохилии забон аст.

Солҳои сиву чил пасванди -чӣ аз ҳад зиёд фаъол шуд. Баъзеҳо инро нишони устувор гардидани бунёди халқии забони адабӣ медонистанд, вале аксаран дар ҳақиқат чунин набуд. Баръакс, фаъол шудани -чӣ боиси танг шудани доираи амали баъзе воситаҳои дигар

пешина
аз 393
навбатӣ