Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
набояд шубҳа кард. Чунончи, тамошогар дар асари устод Айнӣ «Достони сайри Ширбадан», ки соли 1899 навишта шудааст, чанд бор дучор мешавад. Аз ҷумла:
Ба саввум макон низ ҷойи нишаст
Тамошогаронрост аз тахтабаст.
Дар як мақолаи устод Айнӣ, ки ба соли 1919 тааллуқ дорад, тамошогар истифода шудааст: «Мо форсиён ҳанӯз дар кӯчаи бехабарӣ тамошогарӣ мекунем».
Пас, имрӯз ҳам дар баробари тамошобин(ӣ) истифода шудани тамошогар(ӣ) боиси афзоиши имкониятҳои забони адабӣ хоҳад гардид. Агар бо як шакли калима маҳдуд нашавем ва шаклҳои гуногуни онро ҷӯем, забон фақат бурд мекунад, зеро аз якрангӣ мебарояд.
Дар «Луғатномаи осори С. Айнӣ» 12 калимаи сохтаву мураккаб ҳаст, ки ҷузъи асосии онҳо тамошо мебошад. Аксари онҳо калимаҳои олиҷанобе мебошанд: тамошобин, тамошобинӣ, тамошогар, тамошогарӣ, тамошодӯст, тамошогоҳ, тамошозор, тамошокун, тамошокунанда, тамошокунон, тамошоталаб, тамошохона. Равшан аст, ки устод Айнӣ он имкониятҳоеро, ки аз тамошо сар мезананд, пурра истифода кардааст. Албатта, ҳамаи инҳоро (шояд ғайр аз тамошодӯст) устод аз захирагоҳҳои забони халқ берун овардааст. Чунин истифодаи пурраи имконоту андӯхтаҳои забон имрӯз ҳам зарур аст.
Модоме ки тамошогар кайҳо боз дар забони тоҷикӣ вуҷуд доштааст, чӣ шуд, ки мо онро чанд гоҳ қариб тамоман фаромӯш карда, фақат бо тамошобин маҳдуд шудем? Сабаб чист, ки солҳои ҳафтоду ҳаштоди қарни бист тамошогар боз ба ёд омад ва фаъол шуд?
Ба назари мо, ҷавоби ин суол, чунин аст: солҳои шасту ҳафтод дар забони адабии тоҷикӣ як майли муҳим — кӯшише дар роҳи беш аз пеш устувор кардани меъёрҳои халқиву классикӣ ва асолати сухан қувват гирифт. Хусусан насли нави шоирон кӯшиш карданд, ки аз сухани одӣ ва обшуста, аз баъзе шаклҳои дурушт ё вайрон, ки солҳои сиву чил дар забони адабӣ роҳ ёфта буданд, дурӣ ҷӯянд. Ин тамоюл ба насри бадеӣ ва забони матбуоти ҷорӣ ҳам таъсир кард. Яке аз натиҷаҳо ин буд, ки пасванди -гар фаъол шуд. Азбаски -гар яке аз воситаҳои маъмули халқиву

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор