Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

онро қабул кардан мумкин буд, то ки имконияти забони тоҷикӣ зиёдтар шавад. Азбаски нуқсон дорад, онро қобили қабул намедонем.

Ин ҳам гуфтанист, ки ҳақ яке аз номҳои Худост ва дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ҳақпараст ба маънои худопараст омадааст. Аз ин рӯ, ҳақ-ро ба худ ва касе нисбат додан нашроянд.

«МАРО ФАҲМЕД»

Дар гуфтугӯ ва навиштаҳои имрӯза гоҳ-гоҳ чунин ҷумлаҳое дучор меоянд: Маро фаҳмед; Ман шуморо фаҳмидам; Кӯшиш мекунам, ки шуморо фаҳмам; Шумо маро беҳтар мефаҳмед.

Инҳо аз таъбироти русии поймите меня, я вас понял ва ғайра омаданд. Ба назари мо, ин таъбирҳоро ба тоҷикӣ андаке ба тарзи дигар ифода кардан даркор аст. Дуруст аст, ки ба тоҷикӣ таъбири одамро фаҳмидан ҳаст. Чунончӣ, мегӯянд: ман ин одамро ҳеҷ нафаҳмидам. Маънои ин гап он аст, ки мақсаду мароми ин одамро фаҳмида натавонистам, мақсаду нияташ номафҳум аст. Вале ин таъбир хеле кам ба кор меравад ва, агар хато накунам, фақат дар баъзе лаҳҷаҳо ҳасту бас. Бино бар ин барои ифодаи таъбирҳои русии поймите меня, вы меня не поняли ва ғ. шакли дигаре ҷустан беҳтар аст. Муҳимтар ин аст, ки онҳоро айнан ва ҳарф ба ҳарф тарҷума кардан мумкин нест. Ва ҳол он ки маро фаҳмед ё шумо маро нафаҳмидед тарҷуман ҳарф ба ҳарф аст. Аз ҳамин сабаб, ба ақидаи мо, қобили қабул нахоҳад буд.

Таклифи мо ин аст, ки дар чунин мавридҳо бояд таъбироти зерин ба кор равад: мақсади маро фаҳмед, сухан (гап)-и шуморо фаҳмидам, шумо мақсади (гапи) маро нафаҳмидед ва ҳоказо. Аз ин қабил имконот бисёр ҳаст. Аз ҷумла: он меня так и не понял — ӯ аз (таги) дили ман бехабар монд, ё ки мақсади маро нафаҳмид; я старался понять его — кӯшиш мекардам, ки дилу нияти ӯро фаҳмам ё ки мақсадашро донам.

Аз ин таъбирот боз чанде ҳаст. Масалан, ба русӣ мегӯянд: Я слушаю вас. Инро ба тоҷикӣ чунин тарҷума мекунанд: Ман шуморо гӯш мекунам. Ё ба русӣ мегӯянд: С вами можно согласиться. Инро ба тоҷикӣ чунин

пешина
аз 393
навбатӣ