Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

исмро бо сифат ё сифатро бо исм ифода кардан лозим меояд. Вале дар ин маврид ҷоиз нест. Ба фаҳмиши мо, инсон ҳақ ё ноҳақ буда наметавонад, балки мумкин аст, ки сухани ӯ ҳақ ё ноҳақ бошад. Ба тоҷикӣ ибораи гапи ҳақ ва гапи ноҳақ ҳаст, аммо одами ҳақ ё одами ноҳақ намегӯем. Дар ибораи гапи ҳақ калимаи ҳақ исм не, балки сифат ва муродифи ҳаққонӣ мебошад. Аз ин қиёс агар дар тарҷуман он таъбири русӣ ҳақ на чун исм, балки чун сифат истифода шавад, маъни дуруст ифода мегардад. Пас он прав бояд чунин тарҷума шавад: Гапи ӯ гапи ҳақ аст ё Гапи ӯ ҳақ аст. Дар ин сурат ҳақ сифат аст, на исм. Маънои он прав ҳамин аст.

Ба ин ваҷҳ ҷумлаҳоеро, ки дар аввали ин баҳс овардем, ин тавр ислоҳ кардан лозим аст:
«Рафти зиндагӣ собит мекард, ки гапи кӣ ҳақ асту гапи кӣ ноҳақ».

Гапи Камолҷон ҳақ аст, ба ӯ эрод нагиред».
«Ман бовар дорам, ки сухани ин рафиқ ҳақ аст».
Ба ин тарз ифода шудани маънои он прав дар забони халқии тоҷикӣ бисёр дида мешавад ва мисоли бисёре овардан мумкин аст. Лекин фақат як мисол меорем. Нависанда Қурбон Алӣ чунин ҷумлае дорад: Гапҳои раис ҳақ буданд». Ин сухани соф халқист. Агар онро ба русӣ тарҷума кунем, чунин мешавад; «Председатель был прав».

Аз ин ҷо равшан аст, ки ҷумлаҳои серистеъмоли ҳозирай аз қабили ман ҳақ ҳастам, шумо ҳақ ҳастед, фалонӣ ҳақ аст бояд ба шакли гапи ман ҳақ аст, сухани шумо ҳақ аст, сухани фалонӣ ҳақ аст ислоҳ шавад.

Ифодаи ин маъни ба тоҷикӣ шакли дигаре ҳам дорад, ки ин аст; ҳақ ба ҷониби ман аст, ҳақ ба ҷониби шумост ва ҳақ ба ҷониби фалонист. Агар ин шаклро қабул кунем, ҷумлаҳои аввали ин баҳсро ба тарзи зерин ислоҳ кардан лозим меояд; «Рафти зиндагӣ собит мекард, ки ҳақ ба ҷониби кист ва ба ҷониби кӣ нест».

«Ҳақ ба ҷониби Камолҷон аст, ба ӯ эрод нагиред».
«Ман бовар дорам, ки ҳақ ба ҷониби ин рафиқ аст».
Хуллас, ки таъбири русии я прав, он прав ва ғайра ба тоҷикӣ чанд шакли ифода дорад. Ин шаклҳои мавҷударо як сӯ гузошта, таъбири русӣро айнан ба тоҷикӣ гардондан ва ман ҳақ ҳастам гуфтан раво нест. Агар ин тарҷума нуқсони мантиқӣ намедошт, боке набуд,

пешина
аз 393
навбатӣ