Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
ҳаминро ёдрас кардан мехоҳем, ки имрӯз ин шакл хеле бисёр истифода мешавад ва ин нағз нест, зеро боиси афзоиши такрори маҳз ва якрангӣ мегардад. Истифодаи онро як андоза маҳдуд кардан беҳтар аст.
Лекин дигар шаклҳои ду-се ифодаи як аъзои ҷумла, ки дар ин боб дидем, ба фикри мо, чизи номатлуб мебошанд. Нораво будани онҳоро аз ин мисол фаҳмидан мумкин аст.
Яке аз бобҳои асари устод Айнӣ «Мирзо Абдулқодири Бедил ва эҷодиёти ӯ» бо ҷумлае сар шудааст, ки дар чопи якум, дар журнали «Шарқи сурх» чунин шакл дошт:
«Бедил дар солҳои 1644—1721 зиндагонӣ кардааст ва ӯ... замони ёздаҳ подшоҳро аз сар гузаронидааст» («Шарқи сурх», 1946, № 7, саҳ. 26).
Чунонки мебинем, ҷумлаи дувум бо «ӯ» сар шудааст ва ин «ӯ» такрори мубтадои ҷумлаи якум — «Бедил» мебошад. Вале «Бедил» на фақат мубтадои ҷумлаи якум, балки мубтадои умумии ҳар ду ҷумла аст. Бинобар ин, дар сари ҷумлаи дувум «ӯ» зиёдатист. Устод Айнӣ ин саҳви қаламро дар чопи дувуми асар ислоҳ кардааст: вақте ки асарро ба шакли китоб ба чоп тайёр мекард, «ӯ»-ро хат задааст. Ҳоло дар «Куллиёт»-и вай ҳам ин «ӯ» нест (ниг.: ҷ. XI, қ. 2, саҳ. 9).
Ба назари мо, ин кори устод басе ибратомӯз аст ва месозад, ки онро мо ҳам сармашқи худ қарор диҳем.
Дар поёни сухан гӯшгузор меоварем, ки ду-се ифодаи як аъзои ҷумла бештар дар натиҷаи нусхабардории маҳз аз қолабҳои русӣ пайдо шудааст.
«ШУМО ҲАҚ ҲАСТЕД»
Дар гуфтугӯ ва навиштаҳои ҳозира чунин ҷумлаҳо зиёд вомехӯранд:
«Рафти зиндагӣ собит мекард, ки кӣ ҳақ асту кӣ ноҳақ».
«Камолҷон ҳақ аст, ба ӯ эрод нагиред».
«Ман боварӣ дорам, ки ин рафиқ ҳақ аст».
Дар ин мавридҳо ӯ ҳақ аст тарҷумаи ҷумлаи русии он прав мебошад. Лекин, ба назари мо, тарҷумаи нодуруст аст. Дар ҷумлаи русӣ прав сифати кӯтоҳ (кӯтоҳшудаи правый) мебошад. Аммо дар ҷумлаи тоҷикӣ ҳақ (ҳақиқат) исм аст: сифати русӣ бо исми тоҷикӣ ифода шудааст. Албатта, ҳангоми тарҷума бисёр вақтхо

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо