Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
ин будааст ки мубтадо гум нашавад, хонанда мубтадои қисмҳои поёни ҷумлаи мураккабро ҳар дафъа аз боло ҷустуҷӯ накунад. Оё ин мақсад ба даст омадааст? Не ба даст наомадааст. Яъне такрори маҳз ва бемаврид ифодаи фикрро равшан карда наметавонад, балки ба фикр гиреҳ меандозад.
Хуллас, ки ифодаи дувуму севуми як аъзои ҷумла ба он тарз ки ҳоло расм шудааст, аз ягон ҷиҳат чизи зарурӣ ненамояд.
3
Боз як навъи ифодаи дувум ҳаст, ки низ бисёр интишор ёфтааст. Ин дар ҷумлаи мураккаби тобеъ пас аз пайвандаки «ки» овардани мубтадост. Дар натиҷа таркиби ки вай, ки ӯ, ки он, ки онҳо ҳосил мешавад:
«Дар ҳамин фурсат Давлат аз дар даромад, ки ӯ ҳалвои кунҷидӣ харида омада буд».
«Аз қиёфаи шоир маълум, ки вай ба худ бовар дорад».
«Дар таърих зинаҳои гуногуни инкишоф мавҷуданд, ки онҳо ба якдигар монандӣ доранд».
Аз ин мисолҳо дида мешавад, ки «ӯ», «вай» ва «онҳо» зиёдатист. Дар ҷумлаи якум мубтадо барои сарҷумла ва ҷумлаи пайрав як аст — Давлат мебошад ва дигар эҳтиёҷе нест, ки бо «ӯ» боз як бор онро зикр кунем. Ҳамин ҳолат дар ҷумлаи севум ҳам айнан дида мешавад. Агар аз ин ҷумлаҳо «ӯ» ва «онҳо»-ро партоем, маъно зарар намебинад.
Дар ҷумлаи дувум «вай» такрори мубтадо нест, балки «шоир»-ро, ки як ҳиссаи пуркунандаи сарҷумла аст, дар назар дорад. Лекин дар ин сурат ҳам аз фурӯгузошти «вай» зиёне ба маънои ҷумла намеояд.
Чунин такрору таъкид, ки таркиби ки вай, ки ӯ, ки он ва ғайраро ба миён меорад, зотан нодуруст нест ва гоҳ-гоҳ дар адабиёти классикӣ ҳам дида мешавад. Чунончӣ аз Низомӣ:
Сикандар, ки ӯ мулки олам гирифт,
Пайи ҷустани коми худ кам гирифт.
Аз ин ҷо маълум мешавад, ки чунин навъи ифодаи дубораи аъзои ҷумларо аз давраҳои аввали таърихи забони адабии ҳозира ҷоиз донистаанд. Аз ин рӯ, ки вай, ки ӯ, ки он имрӯз ҳам ҳуқуқ дорад. Мо фақат

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо