Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

агар мепартофтем, маънои ҷумла зарар намедид. Лекин напартофтан ҳам мумкин аст, чунки пуркунандаи қисми аввали ҷумларо дар қисми дувуми ҷумла ба мубтадо табдил додааст, яъне вазифае иҷро кардааст, такрори маҳз нест. Пас ифодаи дувуму севуми як аъзои ҷумла ҳамеша айб нест, ҷоиз ва баъзан зарур аст.
Акнун ин ҷумларо бинед, ки монандӣ ҷумлаҳои боло ба қалами нависандае тааллуқ дорад:
«Вай гурги харобтарро, ҳарчанд вай хӯсида бошад ҳам ба пеш тела дод».

Ба назари мо, ин ҷумла қабеҳ афтодааст. Азбаски «вай» ду бор омадааст, ба як хондан маънои ин ҷумларо фаҳмидан мумкин нест. Ва ин на аз нофаҳмии хонанда, балки аз каҷгӯии нависанда сар мезанад.
Айби нависанда ин аст, ки аз ду ифодаи як аъзои ҷумла суиистифода кардааст: ба ҳам наздик омадани ду «вай», ки яке инсон ва дигаре ҳайвонро ифода мекунад, бисёр бад аст. Мо бо ин мисол таъкид кардан мехоҳем, ки ду ифодаи як аъзои ҷумла гоҳ айби андак нест, балки метавонад қабоҳатҳое пеш орад.

Мисолҳое, ки дар боло овардем, ҳама ҷумлаҳои хурд буданд ва аз онҳо зарур ё нозарур будани такрори аъзои ҷумларо фаҳмидан душвор нест. Аммо дар навиштаҳои мо ҷумлаҳои дароз ва печдарпеч ҳам ҳастанд, ки сару нуги онҳоро ёфтан, ба таркиби онҳо сарфаҳм рафтан хеле меҳнат металабад. Дар чунин мавридҳо чанд ифодаи як аъзо боиси такрори чандинбора мегардад ва гоҳ маъноро хира мекунад:
«Хусусияти инсонии лирикӣ ва тасвири он дар шеъри як шоир ва шоирони дигар яксон нест: агар он дар эҷодиёти як шоир ба воситаи ифодаи қаҳрамони лирикӣ сурат гирад, дар эҷодиёти дигаре он дар образи инсони ҷомеъ амалӣ гардидааст, дар ашъори дигаре бошад, он дар зиндагии муқаррарӣ, кору бор ва ташвишҳои ҳаррӯза нишон дода шудааст».

Дар ин ҷумла чор «он» омадааст ва фақат якумӣ
бамаврид буда, дигарҳо барзиёданд. Маълум нест,
ки ин «он»-ҳо аз се чизе, ки дар аввали ҷумла номбар
шудааст, кадомеро дар назар доранд: «хусусият»-ро
ё «инсонии лирикӣ»-ро ва ё «тасвири он»-ро ва ё ки ҳар
серо. Гумон меравад, ки «инсонии лирикӣ» манзур аст,
вале агар ба шакли ҷумла нигоҳ кунем, «он»-ҳо ба
«хусусият» нисбат доранд. Хабари ҷумлаҳо низ чунон
омадааст, ки мақсад аз такроран овардани «он» гӯё

пешина
аз 393
навбатӣ