Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
ДУ ИФОДАИ ЯК АЪЗОИ ҶУМЛА
Яке аз ҳодисаҳое, ки солҳои охир бисёр ривоҷ ёфта истодааст, дар ҷумлаи мураккаб ду бор зикр шудани як мубтадо мебошад. Агар ҷумлаи мураккаб аз ду ҷумлаи сода иборат бошад, мубтадоро дар ҳарду ҷумла меоранд: дар ҷумлаи аввал худи мубтадо меояд ва дар ҷумлаи дувум бо ҷонишини шахсӣ таъкид мешавад.
Масалан, ба ин тарз:
«Ҳар кӣ чунин рафтор кунад, вай шоистаи таҳсин аст».
«Инсон шоҳи табиат аст ва вай бояд табиатро муҳофизат кунад».
«Агар Аҳмад нодон намебуд, ӯ ин корро намекард».
«Файзибой дид, ки суханонаш маъқул афтоданд, ӯ боз илова кард».
«Вақте ки ин сайёҳи солхӯрда ба Душанбе меомад, ӯ бехабар буд, ки модараш фавтидааст».
Гоҳ дар ин мавридҳо ҷонишини шахсии «вай» ва
«ӯ» бо ишоратҷонишини «он» иваз мешавад:
«Шарқ бояд озод шавад ва он озод хоҳад шуд».
«Пойҳои Азим танашро ба зӯр мебардоштанд ва
онҳо аз нав ба сӯзиш омада буданд».
«Дар ҷаҳон фардҳои фавқулодае вуҷуд доранду
онҳо воқеаҳоеро мебинанд, ки...»
«Зебоӣ тасаллобахши якумрист ва он чун меҳр
месузад».
Дар ҳамаи чунин ҷумлаҳо «вай», «ӯ», «он» худи ҳамон мубтадоро ифода мекунад, ки дар қисми якуми ҳамин ҷумлаи мураккаб зикр шудааст. Ин ифодаи дувуми мубтадо зиёдатӣ ва нодаркор аст. Модоме ки мубтадо як бор ифода шуд, пас аз ду-се калима боз як бор онро зикр кардан маънӣ надорад, зеро зикри дувуми он на таъкидеро дорост ва на вазифаи дигаре иҷро менамояд.
Фақат як калимаи зиёдатӣ ба ҷумла илова шудаасту бас. Ин калимаи нолозим гувоҳӣ медиҳад, ки муаллиф фикрашро софу тоза баён карда наметавонад, ба сухан аз як унсури зиёдатӣ гаронии номатлуб меорад.
Гоҳ ду ифодаи як мубтадо ҳатто на дар ду ҷумла — ду қисми як ҷумлаи мураккаб, балки дар як ҷумла меояд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо