Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
Ш. Рустамов ҳам ба ин масъала дахл карда («Забон ва замон», саҳ 151—152) ва аз устод Айнӣ чанд мисол оварда, таъкид карда буд, ки устод қоидаи ин мавриди ҷумласозиро чунин эзоҳ додааст: «Ҳар гоҳ якчанд исм бо ҳарфи нафӣ такрор ёбад, дар хабар ба тарзи таъкид такрор ёфтани ҳарфи нафӣ лозим аст».
Ш. Рустамов боз ба чанд шакли дигари ҷумлаҳое, ки нафъу инкорро дар бар доранд, диққат ҷалб карда буд. Яке аз он шаклҳо ин аст, ки агар аъзоҳои чидаи ҷумла на дошта бошанду феъли хабар дар байни онҳо ҷой гирифта бошад, яъне як аъзои чида пеш аз хабар ва дигаре пас аз хабар зикр шуда бошад, феъл ба шакли мусбат, бидуни на меояд. Чунончи, дар ин рубоии Хайём:
Асрори азалро на ту дониву на ман.
В-ин ҳарфи муаммо на ту хониву на ман.
Ҳаст аз ласи парда гуфтугӯйи ману ту,
Чун парда барафтад, на ту мониву на ман.
Чунонки мебинем, феъли хабар, ки дар байни ду аъзои чида (на ту, на ман) омадааст, на надорад. Инро навъи дувуми ҷумлаҳое, ки дорои ҳиссачаи таъкиди на мебошанд, донистан мумкин аст. Ин навъи ҷумлаҳои дорои на дар навиштаҳои имрӯза дуруст ба кор меравад. Чунончи: На ба гапи модар гӯш мекарду на ба гапи тағо.
Боз як навъи ҷумлаҳое, ки бо на сохта шудаанд, мавҷуд аст. Гоҳ дар ҷумлаи мураккаб ва мураккаби пайваст ҳар ҷузъ — ҳар ҷумла бо на меояд. Он гоҳ таъкиди на ба феъли хабар нисбат дорад, лекин аз хабар хеле дур гузошта мешавад. Азбаски на аз хабар дур истода бошад ҳам, як ҷузъи он аст, худи хабар дигар на намегирад. Чунончи, дар ин мавридҳо:
«На ба коре дасташ мерафту на дар ҷое ором нишаста метавонист».
На нолае аз сина боло карда метавонист, ки роҳи нафас озод гардад ва на ашке аз чашм мебаромад, ки сӯзи синаро фурӯ нишонад.
Ин аст, ки ҷумлаҳои «не» доранд, чанд навъанд ва фақат дар навъи якуми онҳо (ки дар аввали ин баҳс дидем) на танҳо аъзоҳои чида, балки феъли хабар ҳам «не» мегирад. Инро фаромӯш набояд кард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо